Тоҷикистон ба Туркия наздикӣ 100 тонна кӯмак мефиристад

Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздики 100 тонна кӯмаки башардӯстона, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон, оби нӯшокӣ, либосу пойафзоли зимистона, хайма,  кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ мекунад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, кӯмак бо дастури фаврии Эмомалӣ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Туркия наздики 100 тонна кӯмаки башардӯстона, аз қабили орд, равған, шакару биринҷ, макарон, оби нӯшокӣ, либосу пойафзоли зимистона, хайма,  кӯрпаю болишт, кати хоб, ҷилди ҷиҳози хоб, рӯйпӯшҳои пашмин (одеялҳо), зарфҳои алюминӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ мекунад. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Манбаъ мегӯяд, кӯмак бо дастури фаврии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз  ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон омода гардида, қисме аз он шаби 8 феврал тавассути ҳавопаймои махсус бо ҳайати расмӣ ва гурӯҳи наҷотдиҳандагон ба Туркия фиристода шуд.

Қаблан КҲФ гуфта буд, ки 50 наҷотдиҳандаи тоҷик ба Туркия барои кӯмак ба осебдидагон рафтанд ва дар назар аст, ки онҳо аввал ба шаҳри Ғозиантеп ва баъд ба шаҳри Қаҳрамонмараш равона шаванд.

Наҷотдиҳандагон бо худ таҷҳизоти зарурии наҷотро бурдаанд, ки барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷоти дармондагон аз зери биноҳои фурӯрафта зарур аст.

Ҳамчунин, ин ниҳод навиштааст, ки якҷо бо наҷотдиҳандагон 25 тонна кӯмаки Тоҷикистон низ ба Туркия фиристода шуд.

Бояд гуфт, ки сокинони Душанбе даъвати кумак ба осебдидагон аз заминларза дар Туркияро дастгирӣ намуда, аз дирӯз ба Сафорати Туркия, ки дар он ҷо нуқтаи ҷамъоварии кӯмак боз шудааст, либоси гарм ва дигар лавозимоти зарурӣ меоранд.

Бояд гуфт, ки Туркия ва Суриявро субҳи барвақти рӯзи 6-уми феврал заминларзаи шадид бо қувваи 7,7 балл такон дод. Худи ҳамон рӯз заминларза бо ҳамин шиддат такрор ёфт, ки ин миқёси харобиҳоро зиёд ва теъдоди қурбониёну маҷрӯҳонро афзуд. Тибқи иттилои охирин, теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 12 391 нафар расида, дар Сурия теъдоди қурбониён ба беш аз 2992 нафар расидааст.

Дар хусуси тоҷикони муқими Туркия ва шароити онҳо то ҳол маълумоти эътимоднок дар даст нест. Маълум нест, ки касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар пайи ин офати табии зарар дидааст ё не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.