Филми мустанади “Тоҷикфилм” дар бораи сарбозони қурбонии муноқишаи марзӣ

Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” имрӯз, 9-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, филми мустанад дар бораи 17 нафар сарбозону афсароне, ки ҳангоми ҳифзи марзу буми Ватан ҷон додаанд, аллакай омода шудааст ва рӯзҳои наздик тариқи телевизион пахш мешавад. Муаллифи филми мустанади мазкур Шаҳбози Аброр будааст. Худи муаллиф дар […]

Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” имрӯз, 9-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, филми мустанад дар бораи 17 нафар сарбозону афсароне, ки ҳангоми ҳифзи марзу буми Ватан ҷон додаанд, аллакай омода шудааст ва рӯзҳои наздик тариқи телевизион пахш мешавад.

Муаллифи филми мустанади мазкур Шаҳбози Аброр будааст. Худи муаллиф дар суҳбат ба “Азия-Плюс” аз ироаи маълумоти бештар дар хусуси филм худдорӣ кард ва танҳо гуфт, ки қаҳрамонҳо беш аз 17 нафар ва аз тамоми қаламрави кишвар аст.

Таҳияи филм дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон чандин маҳалу мактабҳоро ба номи сарбозони ҷонбохта гузошта буданд.

Парлумони кишвар ҳам соли гузашта Қонун “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”-ро қабул кард, ки ҳадафи он гиромидошти хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохтори конститутсионии кишвар ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшуда мебошад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар муноқишаи марзии ахир миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки 17-18-уми сентябри соли 2022 рух дод, даҳҳо нафар сарбозону афсарон ва сокинони алоҳида ҷон бохтанд. Дар хусуси теъдоди дақиқи қурбониён иттилои муфассал нест, аммо мақомоти Тоҷикистон расман аз кушта шудани 59 шаҳрвандӣ худ иттилоъ дода буд. Ҷониби Қирғизистон дар бораи 63 кушта ва беш аз 200 захмӣ хабар додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.