Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи хотима бахшидани муноқишаи марзиро имзо карданд

Дирӯз, 25-уми сентябр, дар гузаргоҳи Қизил-Бел роҳбари КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва роҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев мулоқот намуда, барои ба эътидол овардани вазъ дар ноҳияҳои марзӣ музокирот карданд. Дар ин бора КДАМ-и Тоҷикистон иттилоъ дод. Саймумин Ятимов ва Камчибек Ташиев "изҳори умедворӣ карданд, ки ҳама бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ шуда, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар марзи ду […]

Asia-Plus

Дирӯз, 25-уми сентябр, дар гузаргоҳи Қизил-Бел роҳбари КДАМ-и Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва роҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Ташиев мулоқот намуда, барои ба эътидол овардани вазъ дар ноҳияҳои марзӣ музокирот карданд. Дар ин бора КДАМ-и Тоҷикистон иттилоъ дод.

Саймумин Ятимов ва Камчибек Ташиев "изҳори умедворӣ карданд, ки ҳама бандҳои созишномаи имзошуда амалӣ шуда, сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ дар марзи ду кишвар барқарор хоҳад шуд", – омадааст дар иттилоияи КДАМ Тоҷикистон.

Дар ҳамин ҳол, Камчибек Ташиев гуфт, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд 3- тои посгоҳ ва 1-тои пойгоҳи марзӣ аз ҳарду ҷониб аз байн бардошта шавад, хабар медиҳад АКИpress.

Тамдик, Булак-Баши, Катта-туз, Дача аз тарафи Қирғизистон ва Бедак, Кех, Кара Чикум, Шаршен аз ҷониби Тоҷикистон бардошта мешаванд.

Ба гуфтаи Қамчибек Ташиев, зимни мулоқот ҷонибҳои дар бораи кори комиссияи демаркатсия ва делимитатсияи марзи давлатӣ низ табодули назар карда, тасмим гирифтанд, ки фаъолияти он суръат бахшида шавад.

Ёдовар мешавем, ки мулоқоти роҳбари КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон дар пасманзари “ҷанги иттилоотӣ ва дипломатӣ”-и ду ҷониб баргузор гардид. Пас аз имзои протокол дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар манотиқи марзӣ аз 19-уми сентябри 2022, ки барои хомӯш кардани оташи низои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар доир шуд, ҳар ду тараф ҳамдигарро ба поймол кардани бандҳои созишнома ва иҷро накардани он гунаҳкор намуда, изҳоротҳо нашр карданд.

Гузашта аз ин, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов аз минбари СММ суханронӣ кард ва Тоҷикистонро барои оғози низоъ гунаҳкор намуд. Дар пайи ин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ аз минбари СММ ба суханони Содир Ҷабборов посух дод ва далелҳои овардаи президенти Қирғизистонро инкор ва воқеиятро, ки аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи нерӯҳои қирғиз далолат медод, иброз дошт. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.