Омори нави кушташудагон ва захмиён дар низои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Дар даргириҳои ахир, 14 – 17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 59 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Дар ин бора 7-уми октябр дар Ереван Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ (СААД) хабар дод. Бино бар хабаре, ки 8-уми октябр дар сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар даргириҳои ахир, 14 – 17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 59 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Дар ин бора 7-уми октябр дар Ереван Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ (СААД) хабар дод.

Бино бар хабаре, ки 8-уми октябр дар сомонаи ВКХ-и Тоҷикистон нашр шуд, дар ин ҳамоиш Содиқ Имомӣ оид ба паёмадҳои муноқиша дар марз ба ҳамкорони худ маълумоти муфассал додааст.

“Рӯзҳои 14 – 17-уми сентябри соли 2022, 59 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шуданд <…>, 234 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, 296 иншооти инфрасохтори шаҳрвандӣ, аз ҷумла 3 мактаб, 2 муассисаи тиббӣ ва 3 масҷид тахриб шуданд”, – омадааст дар хабари сомонаи ВКХ.

Аммо бо гузашти чанд вақт маълумот дар бораи талафоти ҷониби Тоҷикистон аз матни баёния дар сомонаи ВКХ “нопадид” шуд.

Дар матни навшуда танҳо омадааст “С. Имомӣ ба давлатҳои узви СААД дар бораи пайомадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон маълумоти муфассал дод”.

Чаро маълумоти қаблан нашршуда аз матн нопадид шуд, ВКХ-и Тоҷикистон аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҷаласа Нурон Ниёзалиев, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба роҳандозии механизмҳои СААД даъват кард, ки аз даргириҳои мусаллаҳона миёни аъзои ин созмон ҷилавгирӣ кунад.

“Нурон Ниёзалиев аз ҷонибҳо даъват кард, ки механизмҳои СААД-ро ҳарчӣ зудтар ба кор андозанд, то аз таҷовузи минбаъдаи мусаллаҳона пешгирӣ кунад ва ҳама ихтилофоти байни давлатҳо бо роҳи сулҳомез тибқи Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Оинномаи СААД, ҳалли худро ёбад”, – хабар медиҳад ВКХ-и Қирғизистон.

Қаблан Тоҷикистон расман аз ҳалокати 41 нафар дар даргириҳои марзӣ хабар дода буд. Қирғизистон дар бораи 63 кушта ва беш аз 200 захмӣ хабар додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.