Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба Сурия 50 тонна кумак мефиристад

Тоҷикистон рӯзҳои наздик бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза осебдидаи Сурия 50 тонна кумаки башардӯстона мефиристад, аммо дар барои ирсоли наҷотдиҳандагон муроҷиат нагирифтааст. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ имрӯз, 17-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, кумаки Тоҷикистон ба Сурия аз маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ иборат хоҳад буд. Қаблан расонаи […]

Тоҷикистон рӯзҳои наздик бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларза осебдидаи Сурия 50 тонна кумаки башардӯстона мефиристад, аммо дар барои ирсоли наҷотдиҳандагон муроҷиат нагирифтааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ имрӯз, 17-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфт, кумаки Тоҷикистон ба Сурия аз маводи хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор ва маводи беҳдоштӣ иборат хоҳад буд.

Қаблан расонаи ҳукуматии АМИТ “Ховар” навишта буд, Тоҷикистон ба Туркия, ки аз заминларза бештар зарар дидааст, 100 тонна кумаки башардӯстона мефиристад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода чанд рӯз пас аз заминларзаи шадид дар Сурияву Туркия гуфта буд, ки 50 наҷотдиҳандаи тоҷик ба Туркия сафарбар шуданд ва ҳамчунин, ба ин кишвар 25 тонна кумаки башардӯстона фиристода шуд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 6-уми феврал заминларзаи сахт як қисмати Туркия ва Сурияро такон дод ва дар пайи ин, тибқи маълумоти то ҳол дастрасгардида, беш аз 40 ҳазор нафар ҷон бохтанд ва даҳҳо ҳазори дигар захм бардоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.