Сироҷиддин Муҳриддин: “Мо зидди ширкати шаҳрвандонамон дар муноқишаи Русияву Украина ҳастем”

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷиии Тоҷикистон аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи Русия ва Украина изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, бо вуҷуди ин, онҳо зидди ширкати тоҷикон дар ин муноқиша ҳастанд. Ӯ дар нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки имрӯза 17-уми феврал баргузор шуд, афзуд, онҳо ҳама корро карда истодаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷиии Тоҷикистон аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи Русия ва Украина изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, бо вуҷуди ин, онҳо зидди ширкати тоҷикон дар ин муноқиша ҳастанд.

Ӯ дар нишасти хабарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ки имрӯза 17-уми феврал баргузор шуд, афзуд, онҳо ҳама корро карда истодаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз ягон тараф ба муноқишаҳо пайваст нашаванд.

Дар робита ба ин ба гуфтаи ӯ, сафоратҳову консулгариҳо ва ҳатто ҷамъиятҳои тоҷикон дар Украина, Русия ва Қазоқистон корҳои лозимаро бурда истодаанд.

“Бо донишҷӯёну дигарон мулоқотҳо мекунему мефаҳмонем, ки ба чунин корҳо пайваст нашаванд. Мардуми мо озоданд, дар дигар кишварҳо мехонанду кор мекунанд. Ақидаву нигоҳи худро дорад. Бо кадом роҳҳо ба он ҷойҳо рафтаанд мо намедонем, лекин мо зидди чунин ҷараёнҳо ҳастем ва намехоҳем, ки шаҳрвандони мо дар он ҷойҳо иштирок кунанд”, – шарҳ дод Сироҷиддин Муҳриддин.

Номбурда бори дигар аз шарикии стратегии Тоҷикистон бо Русия ёдовар шуд ва  гуфт, ҳамчунин, Тоҷикистон бо Украина муносибату хуб доранд ва “тарафдори онем, ки ин муноқишаҳо ҳарчи зудтар хотима ёбанд”.

Бо гузаштаи қариб як сол аз муноқишаи Русия ва Украина, хабари ширкати даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, дар ин муноқиша аз як ҷониб расонаӣ мешавад. Ҳамчунин, хабари кушта шудани чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Русия адои ҷазо мекунанд, расонаи мешавад.

Аз ҷумла, Радиои Озодӣ то ин дам дар бораи 10 нафар зиндонии тоҷик маълумот пайдо кардааст, ки ба ҷанг алайҳи Украина бурда шуда, кушта шудаанд. Ҷасади шаш нафари онҳоро ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Ҳоло дақиқ нест, чанд шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Русияву Украина иштирок доранд ва чӣ қадари онҳо кушта шудаанд. Мақомоти Русия ҳеч иттилоъ намедиҳанд ва мақомоти Тоҷикистон дар ин бора зиёд суҳбат намекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.