Аз зиндон ба ҷанги Украина ва бо тобут ба Ватан

Ба қавли пайвандон, Булбул Давлатшоеви 47-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир аз соли 2007 дар зиндони Санкт-Петербург буд, “аммо дар Украина кушта шуд”. Намояндагони ҳукумат дар ноҳияи Дӯстӣ рӯзи 11-уми январ хабари марги Давлатшоевро тасдиқ карданд, вале ҷузъиёт надоданд. Яке аз наздиконаш гуфт, ба иттилои ҷониби Русия, Булбул Давлатшоев рӯзи […]

Сentralasian.org

Ба қавли пайвандон, Булбул Давлатшоеви 47-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба гуноҳи қочоқи маводи мухаддир аз соли 2007 дар зиндони Санкт-Петербург буд, “аммо дар Украина кушта шуд”.

Намояндагони ҳукумат дар ноҳияи Дӯстӣ рӯзи 11-уми январ хабари марги Давлатшоевро тасдиқ карданд, вале ҷузъиёт надоданд.

Яке аз наздиконаш гуфт, ба иттилои ҷониби Русия, Булбул Давлатшоев рӯзи 19-уми октябри соли 2022 аз зиндон ба майдони ҷанг дар Украина рафтааст. Маълум нест, чӣ гуна.

Эраҷ Давлатшоев, бародари Булбул Давлатшоев, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Русия сабаби расмии марги ӯро "тир дар сина ва хунравии зиёд" номидаанд. Барои аъзои хонаводаи Давлатшоев рӯшан нест, ки ӯ дар чӣ шароит ба ҷанги Украина бурда шудааст.

Қаблан Евгений Пригожин, аз соҳибкорони наздик ба президенти Русия Владимир Путин, бар ивази ширкат дар ҷанг ба маҳбусон ваъда дода буд, ки онҳо афв карда мешаванд.

Дар моҳи декабри соли 2022 дар вилояти Хатлон ҷасади ду нафареро дафн карданд, ки ба қавли пайвандону дӯстонашон дар Русия зиндонӣ буданд, аммо ногаҳон дар Украина пайдову ҳангоми даргирӣ кушта шудаанд.

Ҷасади Бобоазиз Тӯйдиеви 22-соларо рӯзи 12-уми декабр аз Русия ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Ёвон, ба хок супурданд. Ҷасади Манучеҳр Шодови 28-соларо дар ноҳияи Кушониён гӯронданд.

Наздиконаш гуфтанд, Бобоазиз Тӯйдиев моҳи сентябри соли 2021 ба иттиҳоми нигоҳдории маводи мухаддир дар Русия дастгир ва шаш сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳокимшо Шодов, падари Манучеҳр Шодов, рӯзи 21-уми декабр барои чӣ зиндонӣ шудани писарашро нагуфт, аммо афзуд, “даъво надорам, писарамро аллакай куштаанд”.

Бар асоси омори ду сол пеш дар боздоштгоҳу зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро нигоҳ медоранд.

Бино ба баъзе гузоришҳо, яке аз ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ҳамла дар тамрингоҳи Белгород гумонбар аст, то рафтан ба артиш дар зиндони вилояти Брянск будааст. Аз ӯ Меҳроб Раҳмонов ном мебаранд. Мақомоти Тоҷикистон аз зиндон ба ҷанг рафтани шаҳрвандони ин кишварро тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.