“Роҳбари Толибон ба тавсияҳои Русия гӯш медиҳад”. Мулоқоти Муттақӣ ва Кобулов дар Кобул

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар Кобул дидор кардааст. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” бо такя ба хабаргузории ТАСС хабар медиҳад. Дар ин дидор, ки баъд аз зӯҳри якшанбе, 15-уми январ, сурат гирифтааст, Кобулов ба барқарории сареъи сулҳ ва оштии миллӣ дар Афғонистон таъкид кардааст. […]

Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар Кобул дидор кардааст. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” бо такя ба хабаргузории ТАСС хабар медиҳад.

Дар ин дидор, ки баъд аз зӯҳри якшанбе, 15-уми январ, сурат гирифтааст, Кобулов ба барқарории сареъи сулҳ ва оштии миллӣ дар Афғонистон таъкид кардааст.

Амирхон Муттақӣ зимни мулоқоти худ гуфтааст, ки “раҳбари Толибон* ба тавсияҳои дӯстонаи Русия гӯш медиҳад ва рӯйи ташкили як давлати фарогир, дар мавриди масоили ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон кор мекунад”.

Ба иттилои ин рӯзнома, сафорати Русия дар Кобул бо нашри баёнияе гуфтааст, ки дипломатҳои рус бар тааҳҳуди Маскав ҷиҳати ҳимоят аз мардуми Афғонистон «ба нафъи барқарории сареъи сулҳ ва дастёбӣ ба оштии миллӣ» таъкид мекунанд.

Ҳамчунон, гуфта шудааст, ки ду тараф дар бораи бартарафсозии мушкилоти тавсеаи тиҷорат, ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва мубориза бо гардиши маводи мухаддир гуфтугӯ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Русия мисли аксар кишварҳои ҷаҳон ҳукумати дар пайи ғасби қудрати қонунии Афғонистон таъсисдодаи Толибонро ба расмият намешиносад, аммо бо ин гуруҳ робитаи мустақим ва ҳасанаро ба роҳ мондааст. Равобити Маскави расмӣ ва Толибон қабл аз ба сари қудрат омадани онҳо низ хуб буд ва намояндагони ин гуруҳ меҳмони Маскав низ шуда буданд. Пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон, дар тобистони соли 2021, Маскав бо ин гуруҳ равобити худро хуб нигоҳ дошта, фиристодаи ин кишвар дар масоили Афғонистон чандин маротиба бо роҳбарони ин гуруҳ мулоқот кардааст. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.