Ҳаҷ. Аз 25 ҳазор квотаи ба Русия ҷудошуда шаҳрвандони Тоҷикистон истифода бурда метавонанд?

Имсол Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд. Ба ин тариқ, имсол 8,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон макони муқаддаси исломро зиёрат карда метавонанд – ҳукумати Арабистони Саудӣ ба ҷумҳурӣ маҳз ҳамин миқдор квота ҷудо кардааст. Имсол ба Русия 25 […]

Имсол Арабистони Саудӣ маҳдудиятҳоро оид ба маросими ҳаҷ бекор карда, мутаносибан шумори квотаҳо барои зойирини кишварҳои гуногун боз ба сатҳи то пандемия бозгардонида шуд.

Ба ин тариқ, имсол 8,5 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон макони муқаддаси исломро зиёрат карда метавонанд – ҳукумати Арабистони Саудӣ ба ҷумҳурӣ маҳз ҳамин миқдор квота ҷудо кардааст.

Имсол ба Русия 25 ҳазор квота ҷудо шудааст. Мо талош варзидем огаҳӣ биёбем, ки аз ин квотаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки айни замон дар қаламрави Русия қарор доранд, истифода бурда метавонанд?

Ҳамасола Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ (раводид барои ҳаҷи фарз) бо усули – ҳазор квота ба 1 млн нафар мусалмонон квота ҷудо мекунад.

Дар давраи пандемияи Covid-19 квотаҳо то 60% кам шуданд, яъне аз Русия ҳудуди 11,5 ҳазор нафар (40% аз 25 ҳазор) ва аз Тоҷикистон наздики 3,4 ҳазор нафар (40% аз 8,5 ҳазор) ба ҳаҷ рафта тавонистанд. Ҳамчунин барои зойирин оид ба синнусол – на калонолотар аз 65-сола маҳдудият ҷой дошт.

Оё тоҷикистониён метавонанд аз квотаи Русия истифода баранд?

Барои посух ёфтан ба ин савол ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат кардем.

Котиби матбуотии Кумитаи дин Афшин Муқим дар шарҳи масъала чунин изҳори назар кард:

“Эҳтимол меравад, ки аз квотаи барои Русия ҷудошуда дар сурати истифода нашудани онҳо, ҳудуди 5%-и шаҳрвандони дигар кишварҳо истифода кунанд. Аз ҷониби дигар, ҳар як тоҷике, ки шаҳрвандии Русия дорад, аз квотаи Русия истифода бурда метавонад”, – иброз дошт намояндаи Кумита.

Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки фоизи квотаҳоеро , ки аз он шаҳрвандони кишварҳои дигар истифода бурда метавонанд, худи Арабистони Саудӣ муқаррар мекунад.

Яъне масалан, Русия ба ҳукумати Арабистони Саудӣ бо дархости ба шаҳрвандони дигар кишварҳо иҷоза додани адои маросими ҳаҷ бо квотаи Русия мактуб фиристода, сипас онҳо муайян мекунанд, ки Русия чӣ қадар квотаҳоро дода метавонад. Имсол он 5% аз шумори умумии квотаҳои барои Русия ҷудошударо ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти тахминӣ, мавсими ҳаҷҷи имсола 19 июн оғоз мешавад. Рӯзи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон ва давраи ҳаҷро Шӯрои уламои Тоҷикистон эълон хоҳад кард.

Арабистони Сауди ҳамаи маҳдудиятҳоро барои кишварҳо бекор кард

Аввали ҳамин ҳафта ҳукумати Арабистони Саудӣ хабар дод, ки ҳамаи маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус ва синнусолро бекор мекунад.

Ҳамаи нархҳои марбут ба пардохти хидматрасониҳои гуногун, меҳмонхона, ҷойгиркунӣ дар шаҳраки хаймаҳо, равуо дар вақти адои расму оини ҳаҷ (қурбонӣ кардан, ба тартиб овардани мӯи сар, хариди молу маҳсулот ва ғайра), инчунин сафар аз Макка ба Мадина ва бозгашт ё Ҷидда, аз ҷониби худи Арабистони Саудӣ муқаррар карда мешавад.

Дар мавриди хароҷоти роҳ бошад ин нархро худи кишваре, ки зойиринро мефиристад, муайян мекунад.

Ҳамаи ширкатҳое, ки оид ба ташкили сафари ҳаҷ хидматрасониҳо пешниҳод мекунанд, айни замон интизори муайян кардани нархи меҳмонхона ва дигар хидматҳо аз ҷониби Арабистони Саудӣ мебошанд. Аз натиҷаи он маблағи умумии сафар аз ширкатҳо муқаррар мешавад.

Нарх чӣ гуна муқаррар мешавад?

Нархи ҳадди ақал (минималӣ)-и сафар ба ҳаҷ аз Тоҷикистон 5 ҳазор доллар аст. Лекин агар зиёраткунанда масалан, бихоҳад, ки замони ҳаҷ дар макони наздиктар ба муқаддасоти ислом зиндагӣ дошта бошад, пас нарх вобаста ба усули чӣ қадар наздиктар – ҳамон қадар қимат муқаррар мешавад.

Масалан, меҳмонхонаҳое ҳастанд, ки аз ҳуҷра Каъбаро дидан мумкин аст ва агар шумо дар давраи ҳаҷ аз ин меҳмонхона ҳуҷра гирифтанӣ бошед, пас арзиши сафар аз 11 ҳазор то 20 ҳазор доллар ва бештар аз онро ташкил хоҳад дод.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.