Маоши баландтарин дар Суғд чанд аст ва онро кӣ мегирад?

Музди миёнаи меҳнат дар вилояти Суғд, давоми соли гузашта, 14,6 дарсад афзоиш ёфта, ба 1601 сомонӣ баробар шудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда 1396 сомониро ташкил медод. Дар ин бора ба “Азия-плюс” аз Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, маоши баландтарин дар вилоят ба соҳаи фаъолияти молиявӣ рост меояд. Кормандони […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Музди миёнаи меҳнат дар вилояти Суғд, давоми соли гузашта, 14,6 дарсад афзоиш ёфта, ба 1601 сомонӣ баробар шудааст. Соли гузашта ин нишондиҳанда 1396 сомониро ташкил медод. Дар ин бора ба “Азия-плюс” аз Сарраёсати Агентии омор дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, маоши баландтарин дар вилоят ба соҳаи фаъолияти молиявӣ рост меояд. Кормандони ин соҳа дар соли 2022  ба ҳисоби миёна 4547 сомонӣ маош гирифтаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад зиёд будааст.

Музди кормандони саноати истихроҷ 3375 сомонӣ ва саноати коркард 2572 сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 ҳудуди 11 дарсад афзудааст.

Маоши аз ҳама пасттаринро дар вилояти Суғд кормандони соҳаҳои кишоварзӣ, хидматрасонӣ, фаъолияти идоракунӣ ва ёрирасон мегирифтаанд. Маоши кормандони соҳаи кишоварзӣ соли 2022 ба андозаи 12,4 дарсад афзоиш ёфта, ба 794  сомонӣ  баробар гардидааст. Музди меҳнати кормандони бахши идоракунӣ ва ёрирасон бошад 846 сомониро ташкил додааст. Маоши кормандони меҳмонхона ва тарабхонаҳо 801 сомониро дар бар мегирад, ки он  нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта  2,2 дарсад зиёд аст.

Гуфтан ба маврид аст, ки музди миёнаи номиналии меҳнат дар ҷумҳурӣ дар моҳи октябри соли 2022 1858 сомонӣ ва музди ҳадди ақал 600 сомониро ташкил намуда буд.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ низ баландтарин маошро кормандони бахши молия ва суғурта мегиранд, ки он 5510 сомониро ташкил медиҳад. Музди камтаринро дар ҷумҳарӣ ҳам кормандони бахши кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва моҳипарварӣ мегирифтаанд, ки камтар аз ҳазор сомонӣ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.