Аҳмад Масъуд бо намояндагони Амрико мулоқот накард

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон бо Лиза Кертис, собиқ директори аршад дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Шӯрои амнияти миллии Амроико ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки ба Душанбе омада буданд, мулоқот накардааст. Як манбаъ аз ситоди Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон дар Душанбе ин иттилоро тасдиқ намуда, гуфт, ки Аҳмад Масъуд берун аз […]

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон бо Лиза Кертис, собиқ директори аршад дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Шӯрои амнияти миллии Амроико ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки ба Душанбе омада буданд, мулоқот накардааст.

Як манбаъ аз ситоди Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон дар Душанбе ин иттилоро тасдиқ намуда, гуфт, ки Аҳмад Масъуд берун аз Тоҷикистон қарор дошт ва аз ин лиҳоз, натавонист бо ҳайати амрикоӣ мулоқот намояд.

“Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва аз ин лиҳоз натавонист бо хонум Лиза Кертис ва ҳайати ҳамроҳони ӯ мулоқт ва суҳбат кунад”, – гуфт манбаъ.

Ӯ афзуд, ки ҳайати амрикоӣ бо намояндаҳои сатҳи поёнии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мулоқот кардаанд ва суҳбат асосан дар робита ба масоили фарҳангӣ ва сиёсӣ ҷараён гирфт.

Гуфтан лозим аст, ки ҳайати амрикоӣ, зери раҳбарии Лиза Кертис, собиқ директори аршад дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Шӯрои амнияти миллии Амроико чанде пеш вориди Душанбе шуд ва бо Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва муҳоҷирони ин кишвар дар Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳуриии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ аз Сафорати Афғонистон, Зоҳир Ағбар аз рафтори ИМА дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқод карда, зикр намудааст, ки ин кишвар аз аввалинҳое буд, ки сафорати Афғонистонро баст, аммо аз Ҷабҳаи муқовимат пуштибонӣ накард.

Баъдар Лиза Кертис дар пайванд ба мулоқоташ бо Зоҳир Ағбар дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки “аз вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Зоҳир Ағбар барои гуфтугӯ дар мавриди дидгоҳи ӯ дар бораи як Афғонистони фарогир ва сулҳомез, ки ба ҳуқуқи эътирофшудаи занон ва духтарон эҳтиром мегузорад, хушҳолам”.

Гуфтан ба маврид аст, ки Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон* дар тобистони соли 2021 муборизаи худро алайҳи ин гуруҳ эълон кард ва Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистонро таъсис дод. Ин ҷабҳа дар зодгоҳи Аҳмад Масъуд, дараи Панҷшер, ки замоне падараш Аҳмадшоҳ Масъуд аз он ҷо ба мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар ҷангҷӯёни Толибон бархоста буд, эълон кард, ки бо ишғолгарони хоки Афғонистон мубориза хоҳад бурд.   

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.