Амрико аз Бузургмеҳр Ёров ва 15 каси дигар ҳимоят кард

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба пуштибонӣ аз зиндониёни сиёсӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, маъракаи "WithoutJustCause"-ро оғоз кард. Вазорат рӯзи 11-уми январ дар сомонааш номи 16 нафареро навишт, ки дар Сурияву Беларус, Мисру Эрон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар бо ангезаҳои сиёсӣ ва ба муддатҳои дароз зиндонӣ ҳастанд. Саргузашти ин […]

centralasian.org

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба пуштибонӣ аз зиндониёни сиёсӣ дар гӯшаҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, маъракаи "WithoutJustCause"-ро оғоз кард.

Вазорат рӯзи 11-уми январ дар сомонааш номи 16 нафареро навишт, ки дар Сурияву Беларус, Мисру Эрон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар бо ангезаҳои сиёсӣ ва ба муддатҳои дароз зиндонӣ ҳастанд.

Саргузашти ин афрод баёнгари тақдири ҳазорон нафаре дар дунё гуфта шудааст, ки ноодилона дастгиру зиндонӣ шудаанд. Номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров дар ин қатор ҳаст.

Бузургмеҳр Ёров соли 2015 дастгир ва ба иттиҳоми қаллобӣ, сохтакорӣ ва таҳқири намояндаи ҳокимият ба 28 сол зиндон маҳкум шуд. Худаш мегӯяд, гуноҳ надорад. Як кумитаи Созмони Милал муҳокимаи ӯро ноодилона хонд ва аз ҳукумат хост, Бузургмеҳр Ёровро озод кунад. Мақомот пешниҳодро напазируфтанд.

“Мо дар инҷо саргузашти онҳоеро мегузорем, ки барои истифодаи ҳуқуқи худ зиндонӣ шудаанд. Инҳо кӯшиши афзояндаи ҳукуматҳои худкомаро барои хомӯш кардани дигарандешӣ ва зери фишор гузоштани озодиҳои бунёдӣ бармало мекунанд” – омадааст дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико.

Дар идома гуфта шудааст, ки “теъдоди зиёди маҳбусони сиёсӣ дар саросари ҷаҳон зери шиканҷа ва шароити ғайриинсониву шаклҳои дигари бадрафторӣ ҳастанд. Пайвандонашон орзу доранд, ки онҳоро ҳарчи зуд дар озодӣ ва дар ҳалқаи хонавода бибинанд. Мо наметавонем иҷоза бидиҳем, ки ин вазъ идома ёбад”.

Намояндагони ҳукумат дар Тоҷикистон будани зиндониҳои сиёсиро дар кишвар рад мекунанд. Созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои ғарбӣ ва мухолифони тоҷик сиёсатмадорону вакилони мудофеъ ва хабарнигорони зиндониро маҳбусони сиёсӣ ном мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.