Дар ҷануби Туркия заминларзаи навбатӣ рух дод

Дар вилояти Хатой дар ҷанубу шарқи Туркия, дар наздикии марз бо Сурия заминларзаи шадиди навбатӣ рух дод, хабар медиҳад хабаргузории DW. Ба иттилои манбаъ маркази сейсмологии Аврупову Баҳри Миёназамин (EMSC) шоми душанбеи 20-уми феврал хабар додааст, ки шиддати он 6,4 балл будааст. Заминларза дар Лубнон, Сурия, Миср ва Исроил низ эҳсос шудааст. Расонаҳои туркӣ аз […]

Дар вилояти Хатой дар ҷанубу шарқи Туркия, дар наздикии марз бо Сурия заминларзаи шадиди навбатӣ рух дод, хабар медиҳад хабаргузории DW.

Ба иттилои манбаъ маркази сейсмологии Аврупову Баҳри Миёназамин (EMSC) шоми душанбеи 20-уми феврал хабар додааст, ки шиддати он 6,4 балл будааст.

Заминларза дар Лубнон, Сурия, Миср ва Исроил низ эҳсос шудааст.

Расонаҳои туркӣ аз қатъи пурраи барқ   дар вилояти Хатой хабар медиҳанд.

Сулаймон Сойлу, вазири умури дохилии Туркия гуфтааст, ки бар асари ин заминларза се нафар ба ҳалокат расида 213 нафари дигар захмӣ ва ба бемористонҳо мунтақил шудаанд.

Маркази заминларза дар наздикии шаҳри Самандаг дар соҳили баҳри Миёназамин воқеъ будааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар шаҳри Антакя дар ҷануби Туркия чанд бино осеб дидаанд, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.

Бояд гуфт, ки имдодгарони Тоҷикистон дар вилояти Ҳатай ба корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот сафарбар шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ду ҳафта пеш чандин заминларзаи харобиовари пай дар пай дар марзи Туркияву Сурия рух дод, ки дар натиҷа беш аз 46 ҳазор нафар дар ҳарду кишвар ба ҳалокат расиданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.