Ҳукумати Ҷопон 68 ҳазор кӯдак ва хонаводаҳои онҳоро дар Тоҷикистон бо ғизои гарм таъмин кард

Иттилоияи расмӣ

Соли 2022 Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) дар кишвар 35 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд.

Ин саҳм то моҳи феврали соли 2023 барои харидори намудани маводи ғизоӣ, аз ҷумла орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва лӯбиёгӣ барои 68 ҳазор хонанда ва оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон сарф шудааст. Афзалият ба мактабҳое дода шуд, ки кӯдакони гурезаҳои афғон ва кӯдакони тоҷик аз ҷамоатҳои аз ҷиҳати таъмини амнияти ғизоӣ ноамн, таҳсил менамоянд.

«Ҳукумати Ҷопон солҳои зиёд яке аз шарикони муҳими БОҶ дар Тоҷикистон ба шумор меравад,» – гуфт Намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам – Мо аз дастгирии доимии Ҷопон бениҳоят миннатдорем, зеро ҷомеаҳо, аз ҷумла гурезаҳои афғон, барои беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ ва ғизоӣ ва эҷоди устуворӣ ба кӯмаки мо эҳтиёҷ доранд».

Зиёда аз 20 сол аст, ки БОҶ тавассути Барномаи ғизои мактабӣ кӯдакони тоҷикро бо ғизои солим ва серғизо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмин мекунад. Зиёда аз 450 ҳазор нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҳудуди 2 ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳамарӯза бо хӯрок ва нони гарм таъмин мегарданд.

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...