Ҳукумати Ҷопон 68 ҳазор кӯдак ва хонаводаҳои онҳоро дар Тоҷикистон бо ғизои гарм таъмин кард

Соли 2022 Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) дар кишвар 35 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд. Ин саҳм то моҳи феврали соли 2023 барои харидори намудани маводи ғизоӣ, аз ҷумла орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва лӯбиёгӣ барои 68 ҳазор хонанда ва оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон сарф […]

Соли 2022 Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии барномаи ғизои мактабии Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ) дар кишвар 35 ҳазор доллари ИМА ҷудо намуд.

Ин саҳм то моҳи феврали соли 2023 барои харидори намудани маводи ғизоӣ, аз ҷумла орди гандуми ғанигардонидашуда, равғани растанӣ ва лӯбиёгӣ барои 68 ҳазор хонанда ва оилаҳои онҳо дар Тоҷикистон сарф шудааст. Афзалият ба мактабҳое дода шуд, ки кӯдакони гурезаҳои афғон ва кӯдакони тоҷик аз ҷамоатҳои аз ҷиҳати таъмини амнияти ғизоӣ ноамн, таҳсил менамоянд.

«Ҳукумати Ҷопон солҳои зиёд яке аз шарикони муҳими БОҶ дар Тоҷикистон ба шумор меравад,» – гуфт Намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Мусаллам – Мо аз дастгирии доимии Ҷопон бениҳоят миннатдорем, зеро ҷомеаҳо, аз ҷумла гурезаҳои афғон, барои беҳтар кардани амнияти озуқаворӣ ва ғизоӣ ва эҷоди устуворӣ ба кӯмаки мо эҳтиёҷ доранд».

Зиёда аз 20 сол аст, ки БОҶ тавассути Барномаи ғизои мактабӣ кӯдакони тоҷикро бо ғизои солим ва серғизо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмин мекунад. Зиёда аз 450 ҳазор нафар хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар ҳудуди 2 ҳазор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳамарӯза бо хӯрок ва нони гарм таъмин мегарданд.

Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ташкилоти бузургтарини башардӯстонаи ҷаҳон буда, ҳаёти одамонро дар ҳолатҳои фавқулодда наҷот медиҳад, шукуфоӣ ва ояндаи устувори одамонро аз низоъ, офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим барқарор мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.