Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи Тоҷикистонро ба СММ тақдим кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар маросими тақдими туҳфаи ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид иштирок кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, туҳфаи ҳукумати Тоҷикистон инъикоскунандаи нақши назаррас ва рамзи аҳаммияти санъат дар таҳкими сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад.

Тоҷи кунгурадор бозёфти нотакрори таърихӣ буда, ба замони оғози ташаккулёбии халқи тоҷик – ибтидои давлатдории Кушониён рост меояд ва бо номи этникии “тоҷик” робитаи бевосита  дорад. Реша ва асли калимаи “тоҷик” аз вожаи “тоҷ” ва маънояш тоҷдор, яъне давлатдор мебошад.

“Ин нигора, ҳамчунин, таърихи қадим ва мероси ғанӣ доштани халқи тоҷикро, ки аз замонҳои қадим дар руҳияи сулҳу субот ва ба таври осоишта бо тамаддуну миллатҳои дигар дар руҳияи сулҳу субот ҳамзистӣ доштааст,  муаррифӣ мекунад”, – омадааст дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ин ҳадя, ҳамчунин, саъю талоши ҳамаҷониба ва дастгирии мардуми тоҷикро аз ҳадафҳо ва арзишҳои СММ дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳо дар заминаи эҳтироми усули баробарӣ ва худмуайянкунии халқҳо тавассути таърих, санъат ва маданият бозгӯӣ менамояд.

Дар охир сарвари давлати Тоҷикистон изҳори умед кард, ки давлатҳои аъзои СММ ва меҳмонони ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ бо дидани нигора аз фарҳангу таърихи бостонии мардуми мо – тоҷикон ёдовар хоҳанд шуд.

Дар рӯзи ҷашни Наврӯз, 21 март Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси оби СММ-2023 дар Ню-Йорк дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон”, ки баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳ муаррифии намунаҳои фарогири давраҳои муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон, фарҳанги ғаниву қадима, табиати зебову нотакрори давлат, захираҳои фаровони табиӣ, имкониятҳои сайёҳӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъат ва ҳунармандиву меъмории мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад.

Дар ин рӯз президенти Тоҷикистон ҳамчунин бо Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд.

“Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, дар якҷоягӣ  бо СММ ва давлатҳои аъзои он ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, рафъи хатару таҳдидҳои муосир ва таъмини арзишҳои волои инсоният саъю талошҳои муштарак ба харҷ диҳад.

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим ва таъсири оқибатҳои он ба захираҳои об, пешгирии офатҳои табиӣ, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз”, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз рӯйи ташаббуси панҷуми Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз мавзуъҳои асосии мулоқот буданд”, – зикр мегардад дар хабари хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Зимни суҳбат инчунин масъалаҳои барқароркунии баъд аз пандемия, буҳронҳои иқтисодиву молиявӣ ва хатару таҳдидҳои терроризму экстремизм баррасӣ шуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 март президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби СММ ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои кадрҳо, вазири энергетика ва захираҳои об, раисони кумитаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...