Ҳукумат ҷиҳати суръатбахшӣ ба ҷараёни истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дастур дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати суръат бахшидан ба ҷараёни истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дар дохили кишвар дастур дод.

Ҳамчунин супориш дода шудааст, ки барои дар нақлиёти ҷамъиятӣ васеъ истифода намудани нақлиёти барқӣ ва роҳандозии инфрасохтор барои нақлиёти барқӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Бо қарори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст,  Вазорати саноат ва технолггияҳои нав дар ҳамдастӣ бо Вазорати нақлиёт уҳдадор мешаванд, ки ин супоришҳоро то охири соли ҷорӣ иҷро кунанд.

Қаблан охири моҳи декабри соли гузашта президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба парлумон зикр карда буд, ки бо дар нақлиёти барқӣ истифода шудани энергияи “тоза”-и дар кишвар истеҳсолшуда метавон талаботи ҷумҳуриро ба маҳсулоти нафтӣ коҳиш дод ва ба беҳбуди ҳифзи муҳити зист ва вазъи экологӣ мусоидат намуд.

Дар ин робита сарвари давлат дастур дод, ки “барои роҳандозии истеҳсоли воситаҳои нақлиёти барқӣ дар дохили кишвар чораҳои мушаххас андешида шавад”.

Охири соли гузашта ҳукумат Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2023-2028 қабул кард, ки дар он гуфта мешавад, бозори нақлиёти барқӣ дар ҷумҳурӣ дар марҳилаи ташаккул қарор дошта, рушди он “суст” арзёбӣ мешавад.

“Сабабҳои асосии рушд накардани бозори нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон арзиши баланди воситаҳои нақлиёти барқӣ (электромобилҳо), мавҷуд набудани нуқтаҳои барқгирӣ, хидматрасонии техникӣ ва набудани чораҳои ҳавасмандсозӣ ба шумор мераванд”, – зикр мекунанд муаллифони барнома.

Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои барқароршавандаи неру, аз қабили гидроэнергетика, неруи офтобӣ ва бодӣ мебошад, ки барои рушди парки нақлиёти барқии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва сарфаи сӯзишворӣ ҷолиб мебошад.

Дар Барнома ҷиҳати рушди зерсохтори махсуси нақлиёти барқӣ тадбирҳои зерин пешбинӣ шудааст:

– таҳияи заминаҳои меъёрии ҳуқуқии инфрасохтори махсус барои нақлиёти барқӣ;

– муайян намудани феҳристи қитъаҳои озмоишӣ ва роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҷиҳати таъсиси инфрасохтори махсус барои нақлиёти барқӣ;

– муайян намудани самтҳои асосии рушди шабакаҳои барқгирӣ барои истгоҳҳои барқгирӣ ва тавсеаи марҳила ба марҳилаи онҳо;

– таҳияи механизми маблағгузории қисми хароҷоти ташкили инфрасохтори махсус;

– ташкили инфрасохтори барқгирии тавоноиаш зиёд (зиёда аз 22 кВт, вақти барқгирӣ то 80 фоиз дар 20-30 дақиқа) – на камтар аз 40 адад;

– ташкили инфрасохтори барқгирии тавоноиаш миёна (то 22 кВт, вақти барқгирӣ то 80 фоиз дар 2-10 соат) – на камтар аз 850 адад.

Барои маблағгузорӣ ба барнома ҷудо гардидани ҳудуди 230 млн сомонӣ (21 млн доллар) пешбинӣ мешавад, аз ҷумла, 1,4 млн сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷет, 6,2 млн сомонӣ – аз ҳисоби шарикон оид ба рушд ва зиёда аз 221 млн сомонӣ – аз ҳисоби бахши хусусӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...