“Ба бадномкунии мақомоти давлатӣ машғул шуд”. Дар Суғд як нафар бо моддаи 307 маҳкум гардид

Дар Суғд бо ҷурми иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ як ҷавон ба мӯҳлатӣ 5 сол равонаи зиндон шуда, як марди дигар баъди “худиқрорӣ ва таслимшавӣ” аз ҷавобгарӣ озод карда шудааст. Дар ин бора дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дода мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, Манучеҳр Комилҷонзода, як ҷавони 28-сола аз […]

Дар Суғд бо ҷурми иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ як ҷавон ба мӯҳлатӣ 5 сол равонаи зиндон шуда, як марди дигар баъди “худиқрорӣ ва таслимшавӣ” аз ҷавобгарӣ озод карда шудааст. Дар ин бора дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”-и Раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дода мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, Манучеҳр Комилҷонзода, як ҷавони 28-сола аз шаҳри Конибодом соли 2021 худро дар саҳифаи “Инстаграм” ба қайд гирифта, дар ин давра ба пахш намудани садо ва наворҳои мазмуну мӯҳтавои ифротгароидошта машғул шудааст.

“Гумонбар барои тарғиби ғоя ва пешрафти ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнӯъ эълоншуда, дар байни 1430 обуначиёнаш мусоидат намудааст”, – гуфта мешавад дар хабар.

Дар навор зикр мешавад, ки Манучеҳр Комилҷонзода дар давоми фаъолияташ 455 наворе, ки ба ташкилотҳои террористиву экстромистӣ рабт дорад, паҳн кардааст.

Аммо зикр намегардад, ки дар наворҳо оид ба кадом ташкилотҳои террористиву экстромистӣ сухан меравад ва ғояҳои кадом созмони мамнуъ тарғиб мегардад.

Алайҳи ӯ тибқи моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, баъди тафтишот, Суди шаҳри Хуҷанд Манучеҳр Комилҷонзодаро ба 5 соли зиндон бо адо кардани ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр маҳкум намудааст.

Дар ин баробар, ба иттилои ахбори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Акрамҷон Солиев, марди 45-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои фаъолият дар ташкилотҳои мамнӯъ гумонбар дониста шуда, бар зидди ӯ низ бо моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

“Гумонбаршаванда тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми мубаллиғони ифротӣ афтода, ба бадномкунии мақомоти давлатии Тоҷикистон машғул шуд”, – гуфта мешавад дар навори ахбор.

Ин кирдори Акрамҷон Солиев боис шудааст, ки моҳи декабри соли 2022 дар ғайбаш парвандаи ҷиноӣ кушода шавад. Маълум нест, ки номбурда дар кадом кишвар қарор дошт, вале “бо мусоидати мақомоти милитсия ӯ гумроҳзадагиашро дарк карда, аз хориҷи кишвар ба ватан баргаштааст”.

Дар навор зикр мешавад, ки баъди “худиқрорӣ, даст кашидан аз ҷинояткорӣ ва изҳори пушаймонӣ” гумонбаршаванда афв шудааст.

Акрамҷон Солиев дар навори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд танҳо мегӯяд, ки "ман намедонистам, ки ин кори ман ғайриқонунӣ аст ва аз кардаи худ пушаймонам. Дар оянда нақша дорам, ки ба ватанам хизмат кунам".

Бояд гуфт, ки моддаи 307, иловаи 3, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ “иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда, дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигар”-ро дарбар гирифта, ба гумонбаршаванда аз 5 то 8 сол зиндон муқаррар гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки бо моддаи 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз даҳҳо нафар гумонбар ва ба солҳои гуногун равонаи зиндон шудаанд. Аз ҷумла, соли сипаришуда 4 рӯзноманигори тоҷик бо бандҳои ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ маҳкум шуда, аз 7 то 10 сол зиндонӣ гардиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.