Эълони ҷолибтарин шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар бораи вуруди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон байни минтақа, инчунин шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ маълумот нашр кард.

Дар миёни минтақаҳо барои сармоягузорони хориҷӣ тавре ки пешбинӣ мешуд, ҷолибтарин минтақаи Суғд (беш аз 115 млн доллар) дониста шудааст, ки аз замони шӯравӣ дар бахши саноат нисбатан пешрафта буд.

Вуруди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба чор минтақаи дигари кишвар тариқи зайл аст:

– вилояти Хатлон – $60 млн;

– Душанбе – $45 млн;

– НТМ – $682 ҳазор.;

– ВМКБ – $665 ҳазор.

Байни шаҳру навоҳии кишвар аз рӯи ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ Гулистон ($106,3 млн), Данғара ($49,8 млн) ва ноҳияи Синои пойтахт ($29,3) дар сегонаи аввал қарор доранд.

Ба сурати умум, дар 9 моҳи соли 2022 аз 68 шаҳру навоҳӣ танҳо 21-тоашон сармояи хориҷӣ гирифтаанд.

Душанбе

– Сино – $29,3

– И. Сомонӣ – $10,7 млн

– Шоҳмансур – $3,4 млн

– Фирдавсӣ – $1,7 млн

Хатлон

– Данғара – $49,8 млн

– Ёвон – $8 млн

– Норак – $2,3 млн

– Кӯлоб – $349.4 ҳазор

– Бохтар – $199.8 ҳазор

– Балҷувон – $3.8 ҳазор

Суғд

– Гулистон – $106,3 млн

– Айнӣ – $6,2 млн

– Хуҷанд – $1 млн

– Б. Ғафуров – $792.7 ҳазор

– Бӯстон – $680.5 ҳазор

– Ҷ. Расулов – $298.6 ҳазор

НТМ

– Рӯдакӣ – $497.2 ҳазор

– Ваҳдат – $143.7 ҳазор

– Шаҳринав – $40.8 ҳазор

ВМКБ

– Мурғоб – $452.6 ҳазор

– Хоруғ – $212.4 ҳазор.

Маблағи умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли 20220, ҷалб шудааст, 221,3 млн долларо ташкил медиҳад.

Дар маҷмӯъ бо сармоягузорӣ ба коғазҳои қиматнок (ҷомадонӣ) ва ҳар гуна сармоягузорӣ (қарзу грантҳо) дар давраи зикршуда ба ҷумҳурӣ ба маблағи 405,7 млн доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...