Толибон гуфтанд, фардеро бо гумони шарикӣ дар куштори волии Балх боздошт карданд

Толибон* мегӯянд, як узви гурӯҳи ДОИШ-ро боздошт кардаанд, ки дар чандин ҳамла, аз ҷумла куштори Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил, волии пешини Балх ва таркиш дар масҷиди шиъаёни Мазори Шариф даст доштааст. Дар ин бора хабаргузории “Иттилооти рӯз”-и Афғонистон хабар медиҳад. Дар навори аз ҷараёни бозпурсӣ паҳннамудаи гуруҳи Толибон боздоштшуда худро Айниддин бо номи мустаори Муҳаммад муаррифӣ […]

Толибон* мегӯянд, як узви гурӯҳи ДОИШ-ро боздошт кардаанд, ки дар чандин ҳамла, аз ҷумла куштори Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил, волии пешини Балх ва таркиш дар масҷиди шиъаёни Мазори Шариф даст доштааст. Дар ин бора хабаргузории “Иттилооти рӯз”-и Афғонистон хабар медиҳад.

Дар навори аз ҷараёни бозпурсӣ паҳннамудаи гуруҳи Толибон боздоштшуда худро Айниддин бо номи мустаори Муҳаммад муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, ки аҳли вулусволии Сиғони Бомиён аст ва дар Эрон ба сафи ДОИШ пайвастааст.

Ӯ эътироф мекунад, ки “ҳамла ба Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил якҷо бо чанд нафари дигар, аз ҷумла як нафар тоҷикистонӣ созмон дода шуд”.

Ӯ меафзояд, ки шаҳрванди Тоҷикистон маводи таркандаро дар дафтари Музаммил тарконд.

“Шахси интиҳорӣ тоҷикистонӣ буд. Маводи инфиҷориро дохили пойҳои худ пинҳон карда буд ва замоне, ки волӣ вориди бино шуд, тарконд”, – шарҳ медиҳад ӯ.

Толибон зикр кардаанд, ки фарди боздоштшуда дар ҳамла ба маркази фарҳангии Табиён дар Мазори Шариф ва ба як мадрасаи динӣ дар Саманагон низ даст дорад.

Воқеияти навор ва дурустии ин гуфтаҳои боздошткардаи Толибонро тавассути манбаи дигар санҷидан ғайриимкон аст. Маълум нест, ки ин нафар дар чӣ шароит боздошт шудааст.

Ҳамчунин, мақомоти Тоҷикистон низ ин иддаои Толибонро шарҳ надодаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Мавлавӣ Муҳаммаддовуд Музаммил, волии дар Балх таъиннамудаи Толибон рӯзи 9-уми март, дар пайи як ҳамлаи инфиҷорӣ дар дафтари кориаш кушта шуд.

Дар ин таркиш, ҳамчунин, 2 нафари дигар кушта ва наздики 30 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар як моҳи ахир ДОИШ масъулияти ду ҳамла дар Балх ва як ҳамла дар Кобулро ба ӯҳда гирифтааст. Ин дар ҳоле аст, ки Толибон иддао мекунанд, ки ДОИШ дар Афғонистон саркӯб шудааст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.