БАТР рушди ММД Тоҷикистонро дар солҳои 2023-2024 пешгӯӣ мекунад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) рушди иқтисоди Осиёи Марказиро ба андозаи 5,2% дар соли 2023 ва 5,4% – дар соли 2024 пешгӯӣ мекунад, ки баландтарин нишондиҳандаи афзоиш миёни минтақаҳои фаъолияти бонк аст.

Дар ин бора дар гузориши БАТР “Дурнамоҳои минтақавии иқтисодӣ” сухан меравад. Санад имрӯз, 16 май нашр шудааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон идома ёфта, дар соли 2023 ба 7,5% мерасад. Ҳамин гуна сатҳи афзоиш дар соли 2024 низ пешгӯӣ шудааст.

"Ба ин мизони нисбатан пасти таваррум, афзоиши талаботи Русия ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон, боз шудани бозор (кушодани марзҳо пас аз коронавирус)-и Чин ва рушди фаъоли инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ мусоидат мекунад", – омадааст дар санад.

Аммо тавре муаллифони гузориш зикр мекунанд, хатарҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд ба рушди иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонанд.

"Бад шудани шароити берунии марбут ба авзоъ дар Афғонистон ва ҷанг миёни Русияву Украина ва ҳамчунин мавҷудияти баъзе мушкилот дар зерсохтор, ки дар тиҷорат монеаҳо эҷод мекунанд, омилҳои муҳими хатар мебошанд", – зикр мешавад дар гузориш.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...