“Снаряд дар дасташ кафид”. Ҳалокати як ҷавон аз таркиши гулӯла дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Фазлиддин Сангов, як ҷавони 21-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара аз таркиши гулӯла (снаряд) ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Ризо Умар, раиси ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ гуфт, Фазлиддин Сангов рӯзи 6-уми майи соли равон ҳамроҳи бародар ва се рафиқаш вақти  сайругашт дар куҳ снаряди […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Фазлиддин Сангов, як ҷавони 21-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара аз таркиши гулӯла (снаряд) ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора Ризо Умар, раиси ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Манбаъ гуфт, Фазлиддин Сангов рӯзи 6-уми майи соли равон ҳамроҳи бародар ва се рафиқаш вақти  сайругашт дар куҳ снаряди нокафидаро пайдо мекунанд ва он дар дасти марҳум мекафад.

“Ҳарчанд ҳамроҳонаш ба ӯ мефаҳмонанд, ки ба он даст нарасонад, вале ӯ снарядро ба даст мегирад ва он дар дасташ мекафад, Фазлиддин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, – шарҳ дод Ризо Умар.

Ҷасади Фазлиддин Санговро 7-уми майи соли равон дар қабристони деҳаи Хоҷағалтон, зодгоҳаш ба хок супориданд.

Фазлиддин Сангов ятими кул буда, соле пеш дар пайи як ҳодиса падар ва модари ӯ ба ҳалокат расида буданд.

Ризо Умар мегӯяд, масъулини додситонии ноҳия дар пайи ин қазия бо шоҳидон гуфтугӯ карда, баёноти онҳоро гирифтаанд, вале парвандаи ҷиноятӣ боз нагардидааст.

Тибқи хулосаи онҳо, ҳодиса аз беэҳтиётӣ рух додааст. 

Назари шоҳидон ва мақомот маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамсарҳад бо ноҳияи Роғистони вилояти Бадахшони Афғонистон аст ва то ба ҳол гулулаҳои маргбор дар ин минтақа дида мешавад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки заминҳоро аз снарядҳо тоза кардаанд, вале сокинони маҳаллӣ аз кафидани онҳо ҷон мебозанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.