ХБА: Соли 2022 воридоти пул аз Русия ба Тоҷикистон 2 баробар афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Иқтисодчиёни Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) мегӯянд, таназзул дар Русия дар соли 2022 ба коҳиши рушди иқтисодӣ дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ боис нашуд.

"Баръакс, аксари кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ аз ҳисоби таъсири берунии ғайричашмдошт, ба афзоиши назаррас ноил гардиданд", – гуфта мешавад дар Дурнамои рушди иқтисоди минтақавии ХБА дар моҳи май.

Дар гузориш, аз ҷумла, "афзоиши босуръати воридоти маблағ” дар як соли ахир  аз ҷониби шахсони хусусӣ аз Русия ба кишварҳои минтақа таъкид шудааст.

"Интиқоли софи пулӣ аз Русия ба Арманистон, Гурҷистон ва Озарбойҷон дар соли 2022 нисбат ба соли пешин беш аз 5 баробар афзоиш ёфта, мутаносибан ба 17%, 8% ва 3% ММД расиданд. Дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ду баробар афзоиши интиқоли маблағ ба қайд гирифта шуда, сатҳи, афзоиши онҳо аз 13% то 23% ММД-ро ташкил дод", – таъкид мешавад дар гузориш.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ХБА, интиқоли софи пул ба Қирғизистон дар соли 2022, баръакс, тақрибан 6 банди фоизии ММД коҳиш ёфтааст.

"Миқёси ин воридот барои вазъи макроиқтисодии бархе аз ин кишварҳо муҳим аст ва номуайянии вобаста ба ҳаҷм ва суръати тағйири ояндаи онҳо, хатареро ба бор меорад", – гуфтаанд иқтисодчиёни Хазина.

Муаллифони Гузориш, дар соли ҷорӣ "камшавии суръати афзоиши интиқоли фаромарзӣ ва вуруди муҳоҷирон дар муқоиса бо соли 2022"-ро интизорӣ доранд

Дар баробари ин, Хадамоти федералии омори Русия аз афзоиши босуръати теъдоди муҳоҷирони корӣ ба ин давлат аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин хадамот, дар ин муддат ҳудуди 350 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон вориди Русия шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қариб 40% (100 ҳазор нафар) бештар аст.

Вуруди муҳоҷирон аз Ӯзбекистон ба Русия 72,3% (264 ҳазор нафар) афзуда, беш аз 630 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ба панҷгонаи таъминкунандагони асосии қувваи корӣ дар Русия Қирғизистон (тақрибан 173 ҳазор нафар), Арманистон (беш аз 47 ҳазор нафар), Қазоқистон (ҳудуди 35 ҳазор нафар) низ шомил шудаанд.

Қаблан аввали моҳи майи соли ҷорӣ Евгений Жуков директори генералии Бонки осиёии рушд (БОР) дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ ба «Азия-Плюс» гуфта буд, ки интизориҳои созмонҳои байналмилалии молӣ дар робита ба коҳиши интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба далели муноқишаи низомии Русия ва Украина ҳоло амалӣ нашуданд.

Вай зикр кард, ки дар оғози муноқишаи Русияву Украина "аз пешгӯиҳо дар бораи рушди иқтисодӣ, интиқоли пул дар Осиёи Марказӣ умедвориҳои хуб надоштанд”.

"Ин ҳаросҳо амалӣ нашуданд. Ҳадди ақал то кунун Русия тавонист аз иқтисоди худ дифоъ кунад ва ин боис шуд, ки ҷараёни вуруди муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ то имрӯз идома дорад. Интиқоли пул аз Русия ба Осиёи Марказӣ низ дар сатҳи хуб боқӣ монд”, – таъкид дошт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...