Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Чин рафт

Субҳи имрӯз, 16-уми май, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои “Чин+Осиёи Марказӣ” вориди Чин шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 16-уми май, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар Саммити сарони давлатҳои “Чин+Осиёи Марказӣ” вориди Чин шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав ҳамроҳӣ менамоянд.

Ҳамчунин, ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ба Чин сафар карданд.

Рӯзи душанбеи 15-уми май Вазорати корҳои хориҷии Чин расман аз нахустин чорабинии муҳими дипломатӣ дар ин кишварро хабар дод. Сарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Сиан (маркази маъмурии музофоти Шэнси, шимолу ғарби Чин) ҷамъ меоянд. Мулоқот бо даъвати шахсии раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин баргузор мешавад.

Ин нишаст рӯзҳои 18-19 май баргузор мешавад, аммо сафарҳои раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 16 то 20 май идома хоҳанд кард.

Намояндаи вижаи ВКХ-и Чин Ван Вэнбин чанд рӯз қабл ба хабарнигорон гуфт, ки саммити Чин-Осиёи Марказӣ аҳамияти даврониро хоҳад дошт ва саҳифаи навро дар рушди равобити кишварҳо заминагузорӣ мекунад.

Формати нишасти С5+Чин аз соли 2020 вуҷуд дорад. Ин ҳамоиш аллакай чаҳор маротиба дар ҳайати сарони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар солҳои 2020-2023 баргузор шудааст. Дар доираи президентҳо ин чорабинӣ бори аввал баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.