Даргузашти Шавкат Халилов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон

Шавкат Халилов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва саркоргардони Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоми дирӯз, 15-уми май, аз олам даргузашт. Дар ин бора дӯстону ҳамкоронаш иттилоъ дода, марги ӯро нобаҳангом ва барои аҳли театр талх гуфтанд. Гуфта мешавад, ки ӯ дар пайи як бемории нобаҳангом фавтидааст. Ҷанозаи марҳум соати 12:00-и имрӯз, 16-уми […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Шавкат Халилов, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва саркоргардони Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоми дирӯз, 15-уми май, аз олам даргузашт.

Дар ин бора дӯстону ҳамкоронаш иттилоъ дода, марги ӯро нобаҳангом ва барои аҳли театр талх гуфтанд.

Гуфта мешавад, ки ӯ дар пайи як бемории нобаҳангом фавтидааст.

Ҷанозаи марҳум соати 12:00-и имрӯз, 16-уми май дар гузаргоҳи 3-юми кучаи Б. Ғафуров баргузор гардида, ӯро дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок меспуоранд.

Шавкат Халилов ДДСТ ба номи М.Турсунзода (1978), Инстиути давлатии театр, мусуқӣ ва кинематаграфияи Ленинградро (1985) хатм карда буд.

Солҳои дароз коргардон ва саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ – мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонов, Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ, Театри мазҳакаи мусиқии Самарқанд ба номи Ҳамид Олимҷон, Театри лӯхтаки Душанбе ва Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов буд.

Дар чандсолаи ахир Халилов вазифаи саркоргардони Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро ба зимма дошт.

Аз маъруфтарин намоишгоҳҳои Шавкат Халилов ба рӯи саҳнаи театр оварда, “Лайлатулқадр” –и Ю.Акбаров, “Авлиё ва осӣ”-и А.Варфоломеев, “Моҷарои обфурӯш”-и Мастон Шералӣ ва Шодон Ҳаниф, “Тӯйи бедомод”-и Ҷумъа Қуддус, “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло, “Хизматгори ду хоҷа”-и К.Голдони ва даҳҳои дигар ном бурда мешавад.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.