“Барои санҷиши қубурҳо рафта буданд”. Ҷузъиёти ҳалокати 7 корманди “Водоканал” дар Панҷакент

Дар шаҳрдории Панҷакент ҷузъиёти ба ҳалокат расидани 7 нафар корманди Корхонаи давлатии Обу корези шаҳрро шарҳ доданд. Як масъули шарҳдорӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар пайи ин қазия додистонии шаҳри Панҷакент парванда боз карда, тафтишот идома хоҳад дод. Ӯ афзуд, дар баробари дигарон, 7 нафар аз рӯи нақшаи корӣ барои санҷиши қубурҳои шаҳр рафта […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар шаҳрдории Панҷакент ҷузъиёти ба ҳалокат расидани 7 нафар корманди Корхонаи давлатии Обу корези шаҳрро шарҳ доданд.

Як масъули шарҳдорӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар пайи ин қазия додистонии шаҳри Панҷакент парванда боз карда, тафтишот идома хоҳад дод.

Ӯ афзуд, дар баробари дигарон, 7 нафар аз рӯи нақшаи корӣ барои санҷиши қубурҳои шаҳр рафта буданд, вале дар қубури ташнобгузари кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон аз гази баланд яке пайи дигаре ҷон доданд.

“Кормандон аз рӯи нақшаи корӣ бояд ҳама қубурҳои шаҳрро аз санҷиш мегузарониданд. Ин 7 нафар барои санҷиши қубурҳои кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон мераванд ва як нафар вориди қубур шуда, аз гази баланди он беҳуш мешавад ва барои кумаки ӯ корманди дуюм вориди қубур шуда, ӯ ҳам баромада наметавонад. Ҳамин тавр, ҳар нафаре, ки барои кумак ба қубур медарояд, дигар баромада наметавонад”, – шаҳр дод ин масъули шаҳр.

Вай гуфт, маълум нест, ки кормандон москҳои зиддигазӣ доштанд ва ё не, вале ҳама маводҳои санҷишҳои пешакӣ ба додситонии шаҳр равон карда шуда, аз рӯи ин ҳодиса додситонӣ парванда боз карда, тафтишотро идома хоҳад дод.

Ду нафар сокини маҳаллӣ, ки ба кормандони Обу корез кумак мекарданд ва дар беморхона бистарӣ буданд, ҳоло мураххас шуда, вазъи саломатиашон хуб арзёбӣ мешавад.

Аз ҷонбохтагон Дилшод Маҳмудов, Ризо Мустафоев, Ғайрат Мустафоев, Ҳамроқул Самадов, Саидҷон Самадов, Ҷамолиддин Назиров – кормандон ва Баҳром Исломзода, раиси Корхонаи воҳиди давлатии Обу корези Панҷакент ном бурда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми майи соли равон дар шаҳри Панҷакент бар асари як ҳодисаи нохуш 7 корманди Корхонаи воҳиди давлатии Обу корез (“Водоканал”) ба ҳалокат расиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.