Миёни афроди аз газ заҳролудшудаву ҷонбохта дар Панҷакент сардори идораи “Водоканал” низ буд

Дар шаҳри Панҷакент бар асари як ҳодисаи нохуш 7 корманди Корхонаи воҳиди давлатии Обу корез (“Водоканал”) ба ҳалокат расиданд. Фоҷиа шоми шанбеи 13-уми май дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон рух додааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Панҷакент ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, коркунони Корхонаи Обу корези шаҳр қубурҳои канализатсияро таъмир мекарданд. Ба онҳо ду […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар шаҳри Панҷакент бар асари як ҳодисаи нохуш 7 корманди Корхонаи воҳиди давлатии Обу корез (“Водоканал”) ба ҳалокат расиданд. Фоҷиа шоми шанбеи 13-уми май дар кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон рух додааст. Дар ин бора аз шаҳрдории Панҷакент ба Азия-Плюс хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, коркунони Корхонаи Обу корези шаҳр қубурҳои канализатсияро таъмир мекарданд. Ба онҳо ду сокини маҳаллӣ кумак карданд.

“Мутаассифона, дар ҷараёни кор ҳама аз зиёд будани газ дар қубурҳои таъмиршаванда беҳуш шуданд. Сокинони маҳаллӣ онҳоро берун кашида, ёрии таъҷилиро даъват карданд, вале дар роҳ ба беморхона 7 нафар ҷон доданд”, – афзуданд дар шаҳрдории Панҷакент.

Дар миёни кушташудагон сармуҳандиси ин корхона низ ҳаст.

Баҳром Исломзода, раиси Корхонаи воҳиди давлатии Обу корези Панҷакент аслан аз ноҳияи Данғара буда, ҷасадаш ба онҷо фиристода шудааст. Ҷасади Ҷамолиддин Назиров, ки ба гуфтаи манбаъ, ӯ низ аз ноҳияи Данғара будааст, ба зодгоҳаш фиристода шудааст.

Ҷасади Дилшод Маҳмудов, Ғайрат Мустафоев, Ҳамроқул Самадов, Ризо Мустафоев, Саидҷон Самадов субҳи 14 май дар қабристони Таги Камари шаҳри Панҷакент ба хок супурда шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ду сокини маҳаллӣ Рустам Бобокалонов ва Комилҷон Бобоев, ки дар ин ҳодиса осеб дида, дар беморхонаи марказии Панҷакент бистарӣ шуда буданд, ҳоло мураххас шудаанд ва вазъи онҳо таҳти назорати табибон қарор дорад.

Мақомот мегӯянд, ки таҳқиқи ин ҳодисаро оғоз кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.