CММ маблағи барқарор намудани Украинаро пас аз ҷанг арзёбӣ кард

Asia-Plus

Тибқи баҳогузории СММ, иқтисоди Украина дар соли 2023 дар рукуд қарор хоҳад гирифт. Хароҷоти барқарорсозии зерсохтори кишвар, ки дар натиҷаи ҷанг осеб дидааст, низ зиёд шудааст: СММ маблағи заруриро барои ин 411 млрд доллар арзёбӣ кардааст.

Дар ин бора дар гузориши СММ  таҳти унвони "Вазъи иқтисоди ҷаҳон ва дурнамои он" маълумот дода мешавад.

Тибқи маълумоти СММ, дар соли 2022, иқтисоди Украина қисми зиёди иқтидори саноатӣ ва зербинои энергетикиро аз даст дод ва дар соли 2022 ба андозаи 29,1% коҳиш ёфт.

“Дурнамои дарозмуддат аз давомнокӣ ва шиддати ҷанг, инчунин тавони маблағгузории кишвар барои барқарорсозӣ, ки маблағи он 411 млрд доллар арзёбӣ мешавад, вобаста аст”, – омадааст дар гузориш.

Дар охири моҳи март Бонки ҷаҳонӣ маблағи барқарорсозии Украинаро то 411 млрд доллар ва қаблан онро 349 млрд доллар арзёбӣ карда буд. Рӯзи 4 май президенти Украина Владимир Зеленский хисороти ворида ба кишвараш аз даргириҳои низомиро 400 млрд доллар номбар карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...