CММ маблағи барқарор намудани Украинаро пас аз ҷанг арзёбӣ кард

Тибқи баҳогузории СММ, иқтисоди Украина дар соли 2023 дар рукуд қарор хоҳад гирифт. Хароҷоти барқарорсозии зерсохтори кишвар, ки дар натиҷаи ҷанг осеб дидааст, низ зиёд шудааст: СММ маблағи заруриро барои ин 411 млрд доллар арзёбӣ кардааст. Дар ин бора дар гузориши СММ  таҳти унвони "Вазъи иқтисоди ҷаҳон ва дурнамои он" маълумот дода мешавад. Тибқи маълумоти […]

Тибқи баҳогузории СММ, иқтисоди Украина дар соли 2023 дар рукуд қарор хоҳад гирифт. Хароҷоти барқарорсозии зерсохтори кишвар, ки дар натиҷаи ҷанг осеб дидааст, низ зиёд шудааст: СММ маблағи заруриро барои ин 411 млрд доллар арзёбӣ кардааст.

Дар ин бора дар гузориши СММ  таҳти унвони "Вазъи иқтисоди ҷаҳон ва дурнамои он" маълумот дода мешавад.

Тибқи маълумоти СММ, дар соли 2022, иқтисоди Украина қисми зиёди иқтидори саноатӣ ва зербинои энергетикиро аз даст дод ва дар соли 2022 ба андозаи 29,1% коҳиш ёфт.

“Дурнамои дарозмуддат аз давомнокӣ ва шиддати ҷанг, инчунин тавони маблағгузории кишвар барои барқарорсозӣ, ки маблағи он 411 млрд доллар арзёбӣ мешавад, вобаста аст”, – омадааст дар гузориш.

Дар охири моҳи март Бонки ҷаҳонӣ маблағи барқарорсозии Украинаро то 411 млрд доллар ва қаблан онро 349 млрд доллар арзёбӣ карда буд. Рӯзи 4 май президенти Украина Владимир Зеленский хисороти ворида ба кишвараш аз даргириҳои низомиро 400 млрд доллар номбар карда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.