“Шабе дар Осорхона”. Имсол чиро метавон тамошо кард?

Date:

Пагоҳ, 18-уми май, бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона”  баргузор мегардад.

Ба иттилои саҳифаи фейсбуки Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи баргузории иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи ин иқдом дар осорхона нигораҳои “Шоҳзодаи Фархорӣ”, “Маликаи Сосониён – Бурондӯхт”, “Умари Хайём ва Абӯрайҳонӣ Берунӣ”, “Дарси устоду шогирд – хушнависӣ”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши асбоби мусиқӣ, фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ ва оши палав ташкил ва манзури тамошобинон мегардад.

Ҳамчунин, намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар  дастони “Ҳино”, намоиши олами вуҳуш, инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ, шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи “Космо ленд” ташкил ва гузаронида мешавад.

Ба иловаи ин, дар ин шаб дар намои берунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамзамон филми ҳуҷҷатии “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон” намоиш дода мешавад.

Вуруд ба ин чорабинӣ ва тамошои он ройгон аст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии “Шабе дар Осорхона” – иқдоми байналмилалӣ буда, ҳадафи он фароғати шаҳрвандон, нишон додани осорхона ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад.

Ба фарқият аз солҳои гузашта, иқдомоти навбати “Шабе дар Осорхона” фарогири 30 чорабинии мӯҳташами фарҳангӣ буда, кумитаи тадорукот фароғати фарҳангии тамоми гуруҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеъаро ба эътибор гирифтааст.

Барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона” яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, дар Тоҷикистон  баъди ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон он бори аввал  соли 2013  доир  шуда  буд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...