“Шабе дар Осорхона”. Имсол чиро метавон тамошо кард?

Пагоҳ, 18-уми май, бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона”  баргузор мегардад. Ба иттилои саҳифаи фейсбуки Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи баргузории иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида мешавад. Дар доираи ин иқдом дар осорхона нигораҳои “Шоҳзодаи […]

Пагоҳ, 18-уми май, бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 18:00 то 23:00 иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона”  баргузор мегардад.

Ба иттилои саҳифаи фейсбуки Осорхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи баргузории иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона” 24 маҳфили фарҳангӣ, маърифатӣ ва оммавӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи ин иқдом дар осорхона нигораҳои “Шоҳзодаи Фархорӣ”, “Маликаи Сосониён – Бурондӯхт”, “Умари Хайём ва Абӯрайҳонӣ Берунӣ”, “Дарси устоду шогирд – хушнависӣ”, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши асбоби мусиқӣ, фалакхонӣ, ҳунарҳои чакандӯзӣ, шашмақомхонӣ ва оши палав ташкил ва манзури тамошобинон мегардад.

Ҳамчунин, намоиши ковишҳои бостоншиносии Осорхонаи миллӣ, нақшу нигори гулҳо дар  дастони “Ҳино”, намоиши олами вуҳуш, инъикоси фаъолияти тармимӣ ва таҳқиқии Осорхонаи миллӣ, шоу-консерти сарояндагон ва шоу-маҳфили кӯдаконаи “Космо ленд” ташкил ва гузаронида мешавад.

Ба иловаи ин, дар ин шаб дар намои берунии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамзамон филми ҳуҷҷатии “Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон” намоиш дода мешавад.

Вуруд ба ин чорабинӣ ва тамошои он ройгон аст.

 

Маврид ба зикр аст, ки чорабинии “Шабе дар Осорхона” – иқдоми байналмилалӣ буда, ҳадафи он фароғати шаҳрвандон, нишон додани осорхона ҳамчун макони фарҳангӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба тамошои осорхона мебошад.

Ба фарқият аз солҳои гузашта, иқдомоти навбати “Шабе дар Осорхона” фарогири 30 чорабинии мӯҳташами фарҳангӣ буда, кумитаи тадорукот фароғати фарҳангии тамоми гуруҳҳои тамошобинон, хурдсолон, наврасон, ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеъаро ба эътибор гирифтааст.

Барномаи фарҳангию фароғатии “Шабе дар осорхона” яке аз иқдомҳои байналмилали осорхонаҳои ҷаҳон буда, дар Тоҷикистон  баъди ба истифода додани Осорхонаи миллии Тоҷикистон он бори аввал  соли 2013  доир  шуда  буд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 18 май  Рӯзи байналмилалии  осорхонаҳо  (International Museum Day) ҷашн гирифта мешавад ва аз соли 1978 инҷониб 150 давлати ҷаҳон ин рӯзро таҷлил менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.