Тоҷикистон дар зинаи 126-уми радабандии ҷаҳонии маълумоти боз қарор гирифт

Asia-Plus

Дар радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонии маълумоти бози Open Data Inventory (ODIN) Тоҷикистон бо касби 42 балл дар зинаи 126-ум қарор гирифт. Радабандӣ рӯзи 9 августи соли ҷорӣ нав шуда, 195 кишвари саросари дунёро фаро гирифтааст, хабар медиҳад Фергана.

Таҳиягарони радабандӣ – таҳлилгарони созмони Open Data Watch ҳамасола фарогирӣ ва боз будани омори расмии кишварҳои гуногун барои ошкор намудани камбудиҳо, пешбурди сиёсати маълумоти боз ва ҳавасмандсозии муколама байни мақомоти миллии омор ва корбарони маълумотро арзёбӣ мекунанд.

Пешсафи радабандӣ Сингапур (90 балл) мебошад. Ба панҷгонаи аввал Лаҳистон (Полша), Дания, Финландия ва Норвегия шомиланд.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон бо касби 70 балл дар зинаи 30-юм, Қазоқистон бо 63 балл дар мақоми 51-ум ва Қирғизистон бо 63 балл дар зинаи 51-ум қарор гирифтаанд. Туркманистон бо касби 1 балл кишвари аз ҳама пӯшида дар ҷаҳон эътироф шуда, дар зинаи охир – 195-ум ҷойгир шудааст.

ИМА бо 72 балл зинаи 22-юм, Русия бо 62 балл – мақоми 57-ум, Туркия бо 59 балл – ҷойи 66-ум ва Чин бо 37 балл – мақоми 149-умро ишғол кардаанд.

Афғонистон 32 балл гирифта, дар зинаи 167-ум қарор гирифтааст. Кореяи Шимолӣ дар радабандӣ зикр нашудааст.

Ба иттилои Фергана, дар Агентии омори Ӯзбекистон хотиррасон намудаанд, ки дар 6 соли пеш ин ҷумҳурӣ дар кадом зинаҳо қарор дошт:

– соли 2015 бо 3 балл дар зинаи охири 125-ум;

– соли 2016 бо 13 балл дар зинаи 168-ум байни 173 кишвар;

– соли 2017 бо 18 балл дар зинаи 167-ум байни 180 кишвар;

– соли 2018 бо 19 балл дар зинаи 168-ум байни 178 кишвар;

– соли 2020 бо 63 балл дар зинаи 44-ум байни 187 кишвар;

– соли 2022 бо 66 балл дар зинаи 40-ум байни 192 кишвар.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...