Чӣ тавр аслӣ ва боварибахш будани сомонаро метавон зуд санҷид?

Asia-Plus

Гирифтани маълумот аз сарчашмаи боэътимод яке аз роҳҳои наафтодан ба доми қаллобон ва гурез аз хабарҳои “фейкӣ”, пропоганда ва манипулятсия аст. Бояд ҳар шахс барои худ сарчашмаи боэътимоди хабару маълумот дошта бошад.

Аммо мешаванд ҳолатҳое, ки сарлавҳаи ҷаззобе диққати моро ҷалб мекунад ва ба хондани матн ё тамошои видео мепардозем. Пеш аз мутолиа сарчашмаи маълумоту хабарро ҳатман санҷед.

Тафтиши суроға ё домени сомона

Хабарҳои “фейкӣ” аксар вақт тариқи сомонаҳое паҳн мешаванд, ки домен ё URL-и шубҳанок доранд. Ҳатто баъзан қаллобон тарроҳии сомонаи худро ба ВАО-и муваффақ монанд ё пурра якхела мекунанд, то дар “ниқоб” – и онҳо ҳамчун сарчашмаи боваринок хабарҳои бардурӯғи худро паҳн намоянд. Дар ин ҳол низ онҳоро метавон ба осонӣ аз рӯйи суроға ё пайванд (ссылка, URL) – и нодуруст шинохт. Аз хондани маълумоти сомонаҳое, ки суроғаи ғайриоддӣ ба монанди ".com.com" доранд, худдорӣ кунед. Ҳамчунин шумо метавонед барои гирифтани маълумоти бештар доир ба соҳиби домен ва сомона аз хадамоти Whois истифода баред.

Тафтиши тарроҳии сомона

Одатан сомонаҳои қаллобон, ки мақсади асосиашон паҳн кардани хабарҳои “фейкӣ” ва даромади муфт гирифтан аз тарғибот аст, тарроҳӣ ё дизайни ҷолиб доранд. Дар ин гуна сомонаҳо таблиғот зиёд буда, тарроҳӣ (дизайн)-и онҳо хеле диққатҷалбкунанда ё ғайриоддӣ ҳастанд. Яъне будани аксҳои диққатҷалбкунанда, тарғиботи бисёр ва даъватҳо барои хондани мавод ё гузаштан ба пайванди дигар бо сарлавҳаҳои ҷолиб низ аз бэътимодии сомона мегӯянд.

Агар шумо ба хабари сомона шубҳа доред, кӯшиш кунед дигар маводи сомонаро низ хонед ва муқоиса кунед. Агар шумораи маводҳои шубҳанок дар сомона бисёр аст, пас ин сомонаи қалбаққӣ барои ҷалби хонандагон ва ба мақсади ба даст овардани фоидаи молӣ сохта шудааст.

Бояд ҳар сомона бахши “Дар бораи мо” дошта бошад, маълумоти ин бахшро хуб омӯзед. Сомонаҳои боварибахш ё оҷонсиҳои иттилоотии соҳибном одатан дар ин бахш дар бораи худ ва фаъолияти худ маълумоти муфассал медиҳанд. Агар сомона чунин бахш надорад, ё маълумоташ нопурра аст, пас шояд ин сомона қалбакӣ бошад ва ба он набояд бовар кард.

Бояд донед, ки Браузер сомонаҳои қалбакиро мешиносад

Браузерҳои нав (Chrome, Opera…) ва антивирусҳо аксар вақт хонандаро аз қалбакӣ будани сомона ё надоштани сертификатҳои махсус огоҳ мекунанд. Ҳамчунин онҳо қобилият доранд сомонаҳоро ба доштани вирус ё барномаҳои ҷосусӣ зуд тафтиш намоянд. Огоҳии онҳоро нодида нагиред ва ҳатман сомонаро хуб омӯзед.

Албатта хуб аст, агар шумо маълумотро аз чанд сарчашмаи дигар хонед ва дар муқоиса хулоса бароред, ки кадоме аз онҳо ба ҳақиқат наздик аст. Барои ин кофӣ аст, ки сарлавҳаи хабари мавриди назарро дар сомони ҷустории Google кобед.

Бохабар бошед ва ба хабарҳои фейкӣ бовар накунед!

Барнома дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...