Home Сужаҳо Афғонистон Даргириҳои нав миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон

Даргириҳои нав миёни Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Толибон

0
2184

Зимни ҳамлаи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон ба қароргоҳҳои гурӯҳи Толибон* дар вилояти Каписо 5 ҷангҷӯи ин гурӯҳ  кушта ва захмӣ шудаанд.

Намояндагони Ҷабҳа 20-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки нерӯҳои онҳо шаби гузашта дар вулусволии Кӯҳистон ба қароргоҳи ҷангҷуёни Толибон ҳамла кардаанд.

Ба иттилои манбаъ дар натиҷаи ин ҳамла 3 нерӯи Толибон кушта ва 2 нафари дигар захмӣ шудаанд.

“Дар ин ҳамла, ки ним соат идома кард ва дар он аз мушакпаррон низ истифода шуд, як воситаи низомии душман низ нобуд карда шуд”, – афзудааст як намояндаи Ҷабҳа.

Намояндагони расмии Толибон то ҳол ин иддаои узви Ҷабҳаро рад ё тасдиқ накардаанд.

Ҷабҳаи муқовимат дар идома навиштааст, ки нерӯҳои онҳо баъди ворид кардани талафот ва хисорот ба душман ба мавқеъҳои худ баргаштанд ва ба онҳо зарар нарасидааст.

Бояд гуфт, ки нерӯҳои Ҷабҳа дар Каписо вақтҳои охир ба мавқеъҳои душман якчанд маротиба ҳуҷум кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар набардҳои нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Толибон дар Бадахшон 45 ҷангҷӯи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҷабҳаи муқовимат гуфтааст, ки 12 рӯз пеш Толибон ба мавқеъҳои нерӯҳои Ҷабҳа дар шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон ҳамлаҳои густарда ва ваҳшиёна анҷом додаанд, ки ба муқовимати нерӯҳои Ҷабҳа дучор шудаанд.

Дар ин набардҳо аз ҷониби нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат 18 ҷангҷуи Толибон кушта ва 27 нафари дигар захмӣ шуданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар Тобистони соли 2021 таъсис ёфт. Роҳбарии он айни замон ба зиммаи Аҳмад Масъуд, писари Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд аст. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – Афғонистон бихонед. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here