“Фурсати донистан”: Санади маъмурӣ чист ва дар кадом шакл қабул карда мешавад?

Asia-Plus

 

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи санади маъмурӣ ва шаклҳои онро баррасӣ карданд.

 

Мафҳуми «санади маъмурӣ» чист ва дар кадом қонун пешбинӣ гардидааст?

Мафҳуми санади маъмурӣ дар моддаи 2 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст. 

Санади маъмурӣ – санади маъмурӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии маъмурӣ мебошад, ки мақомоти маъмурӣ дар асоси қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул мекунад; 

Ҳамчунин қарори қабулнамудаи мақомоти маъмурӣ дар бораи рад намудани қонеъгардонии дархости аризадиҳанда доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти ин мақомот, инчунин ҳуҷҷати қабул ё тасдиқнамудаи мақомоти маъмурӣ, ки метавонад боиси оқибатҳои ҳуқуқӣ гардад, аз ҷумла сертификат, иҷозатнома, иҷозат ва ғайра, санади маъмурӣ ҳисобида мешаванд; 

Санади меъёрии маъмурӣ – санади ҳуқуқии маъмурӣ умумиҳатмие, ки мақомоти маъмурӣ ваколатдор дар асоси қонун ё дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ дар асоси он қабулгардида содир намудааст ва қоидаҳои умумии рафтори доимӣ ё муваққатӣ ва истифодаи бисёркаратаро дар бар мегирад, аз ҷумла дастурамал, низомнома, оиннома ва ғайра.

 

Санади маъмурӣ дар кадом шакл қабул карда мешавад?

Талабот оид ба шакли санади маъмурӣ дар Кодекси расмиёти маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Санади ҳуқуқии маъмурӣ дар шакли хаттӣ қабул мегардад. Дар ҳолатҳои таъхирнопазир, ки ба амнияти давлатӣ ё ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ, ҳаёти одамон хатар таҳдид менамояд санади маъмурӣ метавонад дар шакли шифоҳӣ қабул гардад. Бо талаби тарафи манфиатдор, инчунин дар ҳолатҳое, ки санади маъмурӣ ҳуқуқӣ манфиатҳои қонунӣ шахсро маҳдуд месозад, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст, санади маъмурӣ шифоҳӣ дар давоми 3 рӯзи баъди қабул шуданаш бояд дар шакли хаттӣ қабул карда шавад.

Дар Кодекси расмиёти маъмурӣ доир ба реквизитҳои санади маъмурӣ чигуна талабот пешбинӣ шудааст? Мундариҷаи санади маъмурӣро кадом талаботҳо ташкил медиҳанд?

Дар моддаи 14 Кодекси расмиёти маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди реквизитҳои санади ҳуқуқии маъмурӣ меъёри ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст. Ҳар як санади ҳуқуқии маъмурӣ бояд реквизитҳои зеринро дар бар гирад:

-номи санади ҳуқуқии маъмурӣ;

-номи мақомоте, ки санади ҳуқуқии маъмурӣро қабул кардааст;

-сарлавҳаи санади ҳуқуқии маъмурӣ;

-ном ва насаб, номи падар ва имзои шахси мансабдори ваколатдор, ки бо мӯҳри нишондори мақомоти маъмурӣ ё шахси мансабдор тасдиқ карда шудааст;

-вақт ва маҳалли қабул;

-рақами бақайдгирие, ки мақомоти санади ҳуқуқии маъмурӣро қабулкарда додааст.

Дар санади маъмурие, ки қонеъ гардонидани дархости аризадиҳандао рад мекунад, бояд мақомоте, ки ба он аз болои санади ҳуқуқии маъмурӣ шикоят кардан мумкин аст, суроғаи он ва мӯҳлати пешниҳоди шикоят (ё даъво) нишон дода шаванд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...