Таъсиси Маркази ҳамоҳангсозӣ ва идораи қарзҳои байнулмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаҳои асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Фармони дахлдор дар ин бора рӯзи 13 сентябр аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расидааст.

Дар Оинномаи Марказ гуфта мешавад, ки вазифаҳои асосии он иборатанд аз:

– ҳамоҳангсозӣ ва идораи самараноки лоиҳаҳои грантӣ ва қарзии пешниҳодшудаи созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои молиявӣ;

– гузаронидани тендерҳо ва озмунҳо тибқи талаботи сармоягузорон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кории коршиносон, машваратчиёни байналмилалӣ ва миллӣ оид ба таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои грантӣ ва қарзии созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

– анҷом додани намудҳои дигари фаъолияте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст ва барои ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда заруранд.

Гуфта мешавад, Марказ оид ба фаъолияти молиявию хоҷагидории худ дар назди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ҳисоботдиҳанда мебошад.

Манбаъҳои маблағгузории Марказ инҳоянд:

– буҷети давлатӣ;

– грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ барои татбиқи лоиҳаи "Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон";

– грантҳо ва қарзҳое, ки давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва қарздиҳандаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудо менамоянд;

– манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...