Оғози сохтмони Маҷмааи варзишии “Суғд Арена” дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 24 сентябр дар доираи нақша-чорабиниҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кўчаи Сирдарё ба сохтмони Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” санги асос гузошта шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, иншоот ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати ҳукумат оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд рӯзи 24 сентябр дар доираи нақша-чорабиниҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар кўчаи Сирдарё ба сохтмони Маҷмааи муосири варзишии “Суғд Арена” санги асос гузошта шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, иншоот ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати ҳукумат оид ба оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа бунёд карда мешавад.

“Баъди истифодадиҳӣ дар маҷмааи варзишӣ бештар аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар як вақт то 1000 нафар варзишгар ба машқу тамрин фаро гирифта мешавад, – омадааст дар хабар. – Тамоми иншоот дар асоси талаботи замони муосир бунёд мегардад”.

Гуфта мешавад, маҷмаа дорои толорҳои варзишии бокс, гӯштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, тенис, тэквандо буда, бунёди толорҳои калони баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки раиси вилоята ба бинокорон ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди ҳудуди Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Суғд дастуру супоришҳо дод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.