Рамазон Қодиров навореро нашр кард, ки дар он писараш нафари Қуръонро оташзадаро латукӯб мекунад

Asia-Plus

Рамазон Қодиров, раиси ҷумҳури Чеченистон гуфт, аз амали писараш Одам, ки моҳи август Никита Журавел, муттаҳам ба сӯзондани Қуръон дар Волгоградро дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Грозний латукӯб кард, ифтихор мекунад. Дар ин бора Рамазон Қодиров дар Тelegram-канали худ навишт. Ӯ ҳамчунин, навори латукӯбро низ нашр кард.

“Дар саҳфаҳои интернетӣ то ҳол оид ба латукӯби Никита Журавел, муттаҳам ба оташзании Қуръони карим ва шарики хадамоти махсуси Украина аз ҷониби Одам Қодиров баҳс идома дорад. Ин воқеият дорад ё не? Ӯ зад ва дуруст кард. Гузашта аз ин, ман бовар дорам, ки ҳар касе, ки Қуръони каримро таҳқир мекунад, аз ҷумла ба таври намоишкорона сӯзонда, даҳҳо миллион нафар шаҳрвандони кишвари бузурги моро меранҷонад, бояд ҷазои сахт гирад”, – навишт Рамазон Қодиров.

Ӯ таъкид карда, ки дар Русия арзишҳои динии шаҳрвандон аз ҷониби давлат дар сатҳи олӣ ҳифз карда мешавад ва иғвогарон наметавонанд онро халалдор кунанд.

Рамазон Қодиров бо лаҳни хеле тунд амали оташзании Қуръонро маҳкум карда, нафарони даст ба ин кор мезадаро иғвогару хоин номидааст.

“Бе муболиға, аз амали Одам фахр мекунам”, – зикр кардааст Рамазон Қодиров.

Бояд зикр кард, ки Никита Журавел моҳи майи соли ҷорӣ дар назди масҷиде дар шаҳри Волгоград китоби муқаддаси Қуръонро сӯзонда, навори онро дар пойгоҳе нашр кард, ки таҳти назорати Нерӯҳои мусаллаҳи Украина аст. Он замон таъкид мешуд, ки Журавел ин амалро бо дастури Хадамоти амнияти Украина анҷом додааст.

Нисбати Никита Журавел тибқи моддаи 148-уми Кодекси ҷиноятии Русия парванда боз гардида, дар пасманзари “муроҷиатҳои сершумори сокинони Ҷумҳурии Чеченистон бо дархости ҷабрдида эътироф кардани онҳо” ӯро ба шаҳри Грозний интиқол доданд.

Моддаи 148-и Кодекси ҷиноятии Русия ҳадди ниҳоии ҷазоро барои содир кардани кирдори ин модда зикршуда се соли зиндон муайян кардааст.

Дар миёнаҳои моҳи август Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова хабар дод, ки муроҷиати Журавелро дар робита ба латукӯб шуданаш дарёфт карда, аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чеченистон Мансур Солтаев хостааст, ки вазъро баррасӣ кунад.

Ҳамукнун, пас аз нашри навори латукӯби Журавел аз ҷониби писари Рамазон Қодиров, Ева Меркачева, узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президент ба телевизиони РБК гуфтааст, барои боз кардани парванда далелҳои кофӣ мавҷуданд.

“Ҳоло тафтишот далелҳои видеоӣ дорад, шаҳодатҳои шахсиятҳои ҷамъиятӣ, ки ҳукумати Чеченистонро намояндагӣ мекунанд, мавҷуданд. Хамаи ин барои кушодани парвандаи чиноятӣ басанда аст. Он оғоз мешавад ё не, мо намедонем”, – гуфт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...