Дар Тоҷикистон фурудгоҳҳои маҳаллӣ ба ихтиёри Вазорати мудофиа дода шуд

Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор, фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоии маҳаллиро аз моликияти коммуналии шаҳру ноҳияҳо хориҷ карда, ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ба тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронид. Қарори мазкур 31-уми августи соли 2023 қабул шуда, матнеи он дар портали иттилоотӣ-ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст. Дар қарори ҳукумат аз ҷумла гуфта мешавад, ки Фурудгоҳҳои хатҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули як қарор, фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоии маҳаллиро аз моликияти коммуналии шаҳру ноҳияҳо хориҷ карда, ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва ба тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронид.

Қарори мазкур 31-уми августи соли 2023 қабул шуда, матнеи он дар портали иттилоотӣ-ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст.

Дар қарори ҳукумат аз ҷумла гуфта мешавад, ки Фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоии ноҳияҳои Фархор ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон аз истифодаи Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фурудгоҳи ҳавоии Исфара аз тавозуни ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” бароварда шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба тавозуни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шаванд.

Ҳамчунин, тибқи қарори зикршуда, 18 фурудгоҳи маҳаллии дигар низ аз моликияти коммуналии шаҳру ноҳияҳо бароварда шуда, ба ихтиёри Вазорати мудофиа супорида мешавад.

“Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳое, ки барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидаанд, барқарорсозӣ ва дар ҳолати омодабошии доимӣ қарор додани фурудгоҳҳои хатҳои ҳавоиро таъмин намояд”, – гуфта мешавад дар қарор.

Фурудгоҳҳое, ки ба баланси Вазорати мудофиа гузаронида шудаанд, инҳоянд:

1. Фурудгоҳи ноҳияи Панҷ

2. Фурудгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

3. Фурудгоҳи Даштиҷум

4. Фурудгоҳи Йол

5. Фурудгоҳи ноҳияи Айнӣ

6. Фурудгоҳи шаҳри Истаравшан

7. Фурудгоҷи ноҳияи Ашт

8. Фурудгоҳи шаҳри Конибодом

9. Фурудгоҳи шаҳри Панҷакент

10. Фурудгоҳи ноҷияи Ишкошим

11. Фурудгоҳи ноҳияи Рӯшон

12. Фурудгоҳи ноҳияи Ванҷ

13. Фурудгоҳи Қалъаихумб

14. Фурудгоҳи Сағирдашт

15. Фурудгоҳи ноҳияи Лахш

16. Фурудгоҳи Лахш

17. Фурудгоҳи ноҳияи Тоҷикобод

18. Фурудгоҳи ноҳияи Рашт

Ҳоло парвозҳо танҳо аз чаҳор фурудгоҳи байналмилалии кишвар: Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб сурат мегиранд.

Пас аз таҷдиди сохтори Ширкати “Тоҷик Эйр” дар соли 2008 ин чаҳор фурудгоҳ мақоми байнулмилалӣ гирифтанд ва ба субъектҳои мустақили иқтисодӣ табдил ёфтанд.

Фурудгоҳи Хоруғ ба як воҳиди сохтории Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе табдил ёфт ва 29 фурудгоҳи нисбатан хурд ба тавозуни мақомоти маҳаллӣ дода шуда, бинобар набуди маблағ барои нигоҳдории онҳо фаъол набуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.