Додгоҳи Ню-Йорк Трампро ба қаллобӣ муттаҳам донист

Таҳияи Меҳрофарин Наҷибӣ

Додгоҳи Ню-Йорк раисиҷумҳури пешини ИМА Доналд Трамп ва хонаводаи ӯро дар қаллобӣ гунаҳкор донистааст. Трамп арзиши дороиҳояшро ғайриқонунӣ афзоиш дод. Дар ин бора РБК иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин ҳукмро додраси додгоҳи шаҳри Ню-Йорк Артур Энгорон содир кардааст.

Қаблан Летитиа Ҷеймс, додситони кулли Ню-Йорк, Трампро дар моҳи сентябри соли 2022 дар қаллобӣ айбдор ва алайҳи ӯ парванда боз карда буд.

Додгоҳ ҳоло муайян кардааст, ки Трамп, Trump Organization ва писарони раисиҷумҳури собиқ – Эрик ва Доналд ба тарзи ғайриқонунӣ дороиҳои худро ба таври назаррас афзоиш додаанд.

Ӯ аз ҷумла ба муомилоти ғайриқонунии амволи ғайриманқул ва маблағгузории бонкҳо ва суғуртакунандагон айбдор гардидааст.

New York Times қайд мекунад, ки Трамп дороиҳои худро (аз ҷумла Бурҷи Трамп дар Ню Йорк ва қароргоҳи Маралаго дар Флорида) 2,2 миллиард доллар зиёдтар баҳо додааст.

Дар айни замон Reuters зикр мекунад, ки фиребкориҳои ӯ тибқи яке аз нишондиҳандаҳо 3,6 миллиард долларро ташкил додааст. 

Илова бар иддаои қаллобӣ, ин даъво иттиҳомоти тақаллубӣ дар бораи ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботи молиявиро гумроҳ мекунад.

Ҳамчунин, давлат хостори ҷуброни зарар ба маблағи 250 миллион доллар аст. Ин қисми иттиҳомотро ҳакамон баррасӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки қарори додгоҳ, ки алайҳи раисиҷумҳури пешини ИМА рӯзи 26 сентябр содир шудааст, дар даъвои шаҳрвандии додситони давлатӣ Летития Ҷеймс ниҳоӣ нест ва баррасии он аз 2 октябр идома хоҳад кард.

Трамп иттиҳомоти Ҷеймсро дорои ангезаҳои сиёсӣ номид.

Ин парванда яке аз чанд парвандаи зидди Доналд Трамп аст.

Имсол ба ӯ чор айбнома пешниҳод карданд:

– дар созише, ки ба ҳамла ба Капитолия дар моҳи январи соли 2021 оварда расонд;

– созиш барои тағйир додани натиҷаҳои интихобот дар штати Ҷорҷия;

– нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои махфӣ дар Маралаго; 

– қаллобӣ дар ҳуҷҷатгузории молиявӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...