“Ба зимистон омодагӣ бинед”. Президент бо роҳбарони шаҳру навоҳӣ гуфтугӯ кард

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо муовини сарвазир оид ба кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайхун, Шаҳритус ва Қубодиён сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Сарвари давлат ҳисоботи онҳоро оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ ва омодагӣ ба мавсими зимистон […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо муовини сарвазир оид ба кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайхун, Шаҳритус ва Қубодиён сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ин бора хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Сарвари давлат ҳисоботи онҳоро оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ ва омодагӣ ба мавсими зимистон дар вилояту ноҳияҳои зикршуда шунидааст.

Эмомалӣ Раҳмон ба муовини сарвазир оид ба кишоварзӣ ва роҳбарони вилояту навоҳии мазкур супориш додааст, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани мавсими зимистони солҳои 2023-2024 чораҳои зарурӣ андешанд, гуфта мешавад дар гузориш.

“Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомот ва ноҳияҳои зикршударо вазифадор намуданд, ки доир ба омодагӣ ба зимистони дарпешистода, пеш аз ҳама, ба фасли сармо омода намудани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта, картошка, меваю сабзавот ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”, – омадааст дар хабар.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи дар ҳар як оила захира кардани маводи озуқа ва тухмии аълосифати зироатҳои кишоварзиро барои соли оянда махсус таъкид кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио