Нигаронии вакили тоҷик аз камбудиҳо дар қисми даромади буҷети давлатӣ

Asia-Plus

Як вакили парлумони Тоҷикистон аз камбудиҳо дар иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ нигаронӣ карда, гуфтааст, бархе аз вазорату идораҳо камбудиҳое, ки дар хулосаҳои мақомоти назоратии молиявӣ дарҷ гардидаанд, ба назар намегиранд, ки сол аз сол такрор меёбад.

Маҳмадалӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши иқтисод ва молия рӯзи 2-юми ноябр дар ҳузури вакилон, ки иҷрои қонуни “Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023”-ро дар 9 моҳи соли 2023 таҳлил карданд, норозигӣ намудааст, ки ҳарчанд дар 9 моҳ  қисми даромади буҷет иҷро шуд, вале “ҳанӯз камбудиҳо дар ин самт ҷой доранд”.

Рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон менависад, ки ин вакили парлумон нигаронӣ кардааст, ки бархе аз вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои тавсияҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар хулосаҳои мақомоти назоратии молиявӣ дар сатҳи зарурӣ ба назар намегиранд, ки “дар натиҷа камбудию норасоиҳои ҷойдошта сол аз сол такрор ёфта истодааст”.

“Маълумоти пешниҳодгардидаи мақомоти назорати молиявӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки фаъолияти аудити дохилӣ ва назорати дохили идоравии баъзе аз вазорату идораҳо дар сатҳи зарурӣ қарор надорад ва ин аст, ки ҳамасола маблағу воситаҳои давлатӣ, махсусан маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва самаранок истифода намешаванд”,- изҳор доштааст Маҳмадалӣ Қурбонзода.

Ин вакили парлумон иттилоъ додааст, ки  дар 9 моҳ ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) қариб ба 90 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,3 дарсад баробар гардидааст.

Афзоиши ММД дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба нуҳ моҳи соли гузашта 8,2 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7, 9, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ  16,5, хизматрасонии пулакӣ  5,5, мусофиркашонӣ — 9,8 ва гардиши савдо 12 дарсад афзудааст.

“Хароҷоти буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 28,6 млрд. сомонӣ (90,4 фоизи нақша)-ро ташкил дод. Дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот 101,6 фоиз таъмин ва ба буҷети давлатӣ 30,5 млрд. сомонӣ ворид гардида, барзиёдии воридоти маблағ нисбат ба нақша 485,3 млн. сомониро ташкил дод”, – гуфтааст ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...