Даргузашти Аслам Додихудоев – собиқ сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и ТВТ ва роҳбари дафтари матбуоти БМТ

Имрӯз, 13-уми ноябр, Аслам Додихудоев, яке аз рӯзноманигорони собиқадори тоҷик, собиқ сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон ва роҳбари давтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар синни 77-солагӣ аз дунё гузашт. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик ва яке аз дӯстони марҳум хабар дод. Ӯ гуфт, Аслам Додихудоев имрӯз дар беморхонаи маъруф ба “Медгородок” […]

Asia-Plus

Имрӯз, 13-уми ноябр, Аслам Додихудоев, яке аз рӯзноманигорони собиқадори тоҷик, собиқ сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и Телевизиони Тоҷикистон ва роҳбари давтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар синни 77-солагӣ аз дунё гузашт.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик ва яке аз дӯстони марҳум хабар дод.

Ӯ гуфт, Аслам Додихудоев имрӯз дар беморхонаи маъруф ба “Медгородок” аз олам даргузашт ва маросими ҷанозаи ӯ пагоҳ, 14-уми ноябр, дар масҷиди Яккачинор баргузор мешавад.

Бояд гуфт, Аслам Додихудоев яке аз рӯзноманигорони собиқадори тоҷик буд, ки беш аз 50 соли умри пурбаракати худро ба ин соҳа бахшидааст.

Асламшо (Раҳматшо) Додихудоев соли 1946 дар деҳаи Жовиди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шуда, баъди хатми синфи 7 таҳсилро дар Донишкадаи ҳунаромӯзии №11-и шаҳраки Чиптураи ноҳияи Ҳисор давом дод ва онро соли 1964 хатм намуд.

Соли 1965 ба Шӯъбаи шабонаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, баробари таҳсил ба фаъолияти меҳнатӣ низ машғул буд.

Аввал сохтмончӣ, челонгари заводи автомобилтаъмиркунӣ, муаллим, аз соли 1967 корманди рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва аз соли 1969 то соли 1992 дар Кумитаи телевизиону радиои ҷумҳурӣ ба сифати муҳаррири барномаҳои мусиқии радио, муҳаррир, муҳаррири калон, мудири шӯъба, муовини сармуҳаррир, сармуҳаррири барномаи “Ахбор”-и телевизион шуда кор кард.

Бо ташаббуси ӯ дар телевизион барномаҳои “Ҳафта” (то имрӯз давом дорад) ва барномаи хеле машҳури “Негатив” ба тамошобинони ҷумҳурӣ пешкаш гардиданд.

Соли 1992-1993 дар Кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси калон фаъолият намудааст.

Солҳои 1993-1995 мухбири ширкати телевизиони байнидавлатии “Мир” ва аз соли 1995 то даҳаи асри нав сардори Маркази матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ва сардабири маҷаллаи “Ахбори бонки миллии Тоҷикистон” шуда кор мекард.

Соли 1990 ба гирифтани унвони фахрии “Журналисти хизматнишондодаи Тоҷикистон" ноил шудааст.

Аслам Додихудоев аъзои Раёсати ИЖТ буд.

Аҳли кормандони Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз даргузашти ҳамкасби хеш Аслам Додихудоев андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ ва сабри ҷамил мехоҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.