ВКХ Тоҷикистон баҳси консулгарии Афғонистон дар Хоруғро шарҳ надод

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолияти Консулгарии генералии Афғонистонро дар шаҳри Хоруғи Бадахшон, ки ба қавли “сарпараст”-и он “таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон* фаъолият дорад”, шарҳ намедиҳад. Дар ин бора аз ВКХ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Се рӯз пеш, 10-уми ноябр, Нақибулло Деҳқонзода ном шахс, ки худро сарпарасти консулгарии генералии ҳукумати Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон муаррифӣ кард, бо нашри наворе дар шабакаи “Х” (“Твиттер”-и пешин) гуфт, ки “Консулгарии генералии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон расман фаъолият мекунад ва он мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон қарор дорад.

Ӯ ин иддаои худро дар посух ба баёнияи Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, ки гуфт, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ “барои надоштани имконоти иқтисодӣ” аз кор мондааст, иброз намуд.

Имрӯз, 13-уми ноябр, дар ВКХ ба “Азия-Плюс” аз шарҳи суханони Нақибулло Деҳқонзода худдорӣ карда, кӯтоҳ гуфтанд, ки “ин масъаларо шарҳ намедиҳем”.

Сабаби шарҳ надодани ин мавзӯъро ҳам нагуфтанд.

Нақибулло Деҳқонзода дар он навор гуфта буд, ки “баъд аз суқути низоми ҷумҳурият доманаи фаъолиятҳои ин намояндагӣ дар бахшҳои ироаи хадамот ба атбои Афғонистон ва хориҷии муқими Тоҷикистон аз ҷумла, табдили шиноснома, судури васоит ва раводид, ҳамкории дуҷониба ва расидагӣ дар баҳсҳои транзит, тиҷорат, масоили марзӣ, зиндониёни ҳуқуқӣ ва ҷиноӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоту вазорати зирабти Тоҷикистон густариш пайдо кардааст”.

Вай Афғонистону Тоҷикистонро ду кишвари дӯсту бародар хонда, ба роҳбарияти Тоҷикистон “барои азсаргирии хадамоти марзӣ, боз шудани бозорчаҳои муштараки марз дар Вилояти Бадахшон ва ҳамчунин, кумакҳои қобили мулоҳизаи башардӯстона ба осебдидагони зилзилаи вилояти Ҳирот” миннатдорӣ кард.

Рӯзи 10-уми ноябр Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон, ки худро намояндаи расмии мардуми ин кишвар дар Тоҷикистон медонад, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз шарҳи бештари иддаои Нақибулло Деҳқонзода худдорӣ кард ва танҳо гуфт, “консулгарии генералии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ аз тарафи сафорат 8 моҳ ба ин сӯ тавассути ёддошти расмӣ ба таълиқ андохта шудаааст”.

Дар ҳамин ҳол, номаълум аст, ки оё дар Тоҷикистон ҳам намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон ва ҳам ҳукумати кунунии Толибон фаъолият доранд.

Бинои консулгарии генералии Афғонистон дар Хоруғ моҳи феврали имсол дар пайи фаромадани тарма вайрон шуда буд. Баъди ин расонаҳои Афғонистон хабар доданд, ки як ҳайати ҳукумати Толибон барои боздид ба Хоруғ омадаанд. Мақомоти Тоҷикистон хабари омадани намояндагони Толибонро ба шаҳри Хоруғ тасдиқ ё рад накардаанд.

Гуфтан зарур аст, ки то кунун як қатор кишварҳо, аз ҷумла Чин, Эрон, Русия ва Туркия сафоратҳои Афғонистонро ба намояндагони расмии Толибон таслим карда, дипломатҳои ин гурӯҳро пазируфтаанд.

Тоҷикистон аз кишварҳое мебошад, ки бо Толибон расман ҳеҷ гуна равобит надорад. Бо ин вуҷуд, додугирифти мол ва фурӯши барқ байни Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Дар Душанбе то ҳол сафири ҳукумати пешини Афғонистон ба ҳайси намояндаи мардуми ин кишвар фаъолият мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...