Тоҷике дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид

Аёмиддин Фархудинов, тоҷики зодаи Русия дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид. Озмуни мазкур маротибаи 21-ум баргузор мешавад ва аввалин маротиба дар он тоҷики зодаи  Русия ғолиб мегардад. Дар ин озмун дар умум аз 31 давлати ҷаҳон ҳофизону қориёни Қуръон барои ғолибият рақобат карданд. Тавре аз Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ- фарҳангии тоҷикони […]

Asia-Plus

Аёмиддин Фархудинов, тоҷики зодаи Русия дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид. Озмуни мазкур маротибаи 21-ум баргузор мешавад ва аввалин маротиба дар он тоҷики зодаи  Русия ғолиб мегардад.

Дар ин озмун дар умум аз 31 давлати ҷаҳон ҳофизону қориёни Қуръон барои ғолибият рақобат карданд.

Тавре аз Созмони ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти миллӣ- фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, дар ин озмуне, ки бисёр пуршиддат ҷараён гирифт, Аёмиддин Фархудинов ғолиб гардид ва ба ӯ раиси Идораи мусулмонони Русия, муфтӣ Шайх Равил Гайнутдин ҷоизаро супорид.

Аёмиддин Фархудинов ғайр аз донандаву хонандаи хуби Қуръон будан, ҳамчунин бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ озод суҳбат мекунад.

Ӯ тоҷик буда, дар вилояти Тулаи Русия таваллуд шудааст. Дар синни 6-солагӣ ба омӯзиши Қуръон шурӯъ карда, аллакай дар синни 10-солагӣ бо роҳбарии падараш дар озмунҳои қироати Қуръон иштирок кардааст.

Ҷойи дуюмро Ҳусейн Алиризо Ҳани Бидголӣ аз Эрон ва ҷои сеюмро Исмоил Муҳаммад Яҳё Маниёр аз Ҳиндустон соҳиб шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.