Боздошти 10 аъзои гуруҳи “Анна-човандоз”, ки беш аз 1,5 тонна маводи нашъадорро ба Русия интиқол додаанд

Asia-Plus

Мақомоти милитсияи Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни худ дар Русия 10 аъзои як гурӯҳи байналмилалии нашъаҷаллоб бо номи “Анна-човандоз”-ро боздошт кардаанд, ки дар чанд соли охир беш аз 1,5 тонна маводи мухаддирро ба Русия интиқол додаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар барномаи “Ахбори ВКД” хабар додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ин гуруҳро баъди боздошти як аъзои он Маҳмадалӣ Комилов бо 55 кг маводи мухаддири навъи ҳероин рӯзи 25-уми августи соли 2023 ошкор кардаанд.

“Дар натиҷаи санҷиши минбаъда маълум гардид, ки ин миқдор маводи нашъадор аз шумораи 200 кг фиристодаи гуруҳи муташаккили нашаъаҷаллоби трансмиллӣ ба Русия ба шумор рафта, боқимонда аллакай ба муомилот бароварда шудааст”, – зикр мешавад дар барномаи “Ахбори ВКД”.

Ба иттилои ин ниҳод, ин гуруҳро Азамат Ҳамроеви 58-сола (қаблан Болтаев Анна Ҳамроевич), шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳайати беш аз 10 нафар роҳбарӣ карда, дар давоми 10 соли охир бо гуруҳҳои нашъаҷаллоби Афғонистон алоқаи ҷинояткорона барпо намуда, мунтазам ба кишварҳои аъзои ИДМ, махсусан ба Русия маводи нашъадорро ба муомилот баровардаанд.

Дар бораи Азамат Ҳамроев маълумоти зиёд дода намешавад ва танҳо  зикр мегардад, ки ӯ сокини шаҳри Турсунзода буда, дорои шаҳрвандии Тоҷикистону Русия аст. Ӯ бо 5 зан зиндагӣ карда, соҳиби фарзандони зиёд мебошад.

ВКД мегӯяд, ин гуруҳ воситаҳои нашъадорро ба воситаи нақлиёти боркаш ва қатораҳо дар дохили мева ва қуттии меваҳо ҷой карда ба дигар давлатҳо интиқол медоданд.

“Рӯзи 18-уми октябри соли 2023 аъзои фаъоли ин гуруҳ Довудхон Зокиров, соли тавалдлудаш 1969, сокини деҳаи Боғистони шаҳри Ҳисор дастгир гардида, аз махфигоҳи яке аз хешовандони ӯ 308 кг воситаи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд, ки аз ин ҳисоб 281 кг 300 гр маводи сахттаъсири ҳароин ва 26 кг 700 гр навъи нашъадори ҳашиш мебошад”, – гуфта мешавад дар барнома.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки дар умум, ҷамъи воситаҳои нашъадори ба муомилотбаровардаи ин гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллӣ дар Русия ва Тоҷикистон 363 кг-ро ташкил медиҳад.

ВКД гуфт, Довудхон Зокиров бо асбоби махсус дар байни картони қутии меваҳо 500 гр маводи мухаддирро ҷой карда, содирот мекард, ки онро асбоби рентген ва ҳатто сагҳои бӯйгир дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дарёфт карда наметавонистанд.

Ӯ барои ҳар як килограме ки дар байни каробкаҳо ҷой мекард аз Азамат Ҳамрев 100 доллари ИМА маблағ мегирифт.

Ин ниҳод аз қавли Довудхон Зокиров гуфтааст, ки ин гуруҳ солҳои охир зиёда аз 1,5 тонна воситаҳои гуногуни нашъадоррро ба Русия интиқол додаанд.

Дар барномаи ВКД гуфта мешавад, ки аъзои ин гуруҳ бо маблағҳои бо роҳи ҷинояткорона ба даст овардаашон молу мулки зиёди харидорӣ ва онҳоро ғайриқонунӣ ба расмият даровардаанд.

“Тафтиши дороиҳои роҳбари гуруҳи ба қавле “Анна-човандоз” Азамат Ҳамроев воқеан, чӣ дар Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Русия  хело зиёд аст. Дар Тоҷикистон 7 манзили истиқоматӣ, 1200 чорвои майда, 91 сар асп, 19 шутур, 11 мошини сабукрав ва боркаш, 6 фермаи чорвопарварӣ, наздики 6 ҳазор га қитъаи замин, 7 иншооти нимсохат, 2 мағозаи либос ва 1 мағозаи тилло, 15 кг тилловарӣ, дар ҳудуди шаҳрҳои Твер ва Қазони Русия як фермаи калони чорвопарварӣ, 200 чорво ва 5 қассобхона ва дар Ӯзбекистон як корхонаи истеҳсоли ламинат ва як хона гаронбаҳо дорад”, – зикр кардааст ВКД.

Дар барномаи ВКД, чанде аз аъзои ин гуруҳ, ки аллакай боздошт шудаанд, тасдиқ мекунанд, ки барои интиқол ва муомилоти маводи махаддир аз Азамат Ҳамроев маблағҳои ҳангуфт мегирифтанд. Таҳти кадом шароит сабт шудани ин наворҳо маълум нест.

То ҳол 10 аъзои ин гуруҳ дастгир шуда, 4 нафар, аз ҷумла, Азамат  Ҳамроев роҳбари аъзои ин гуруҳ ва чанде аз аъзоёни фаъоли он дар ҷустуҷӯйи расмӣ қарор доранд. Мақомоти қудратии Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ дар дигар давлатҳо ҳамкорӣ карда, талош доранд, ки ноҳоро дастгир кунанд.

ВКД гуфтааст, ки нисбати Азамат Ҳамроев ва аъзоёни ӯ бо моддаи 200 қисми 4 КҶТ паврандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он зери назорати Додситони кулли Тоҷикистон қарор дорад.

Назари боздоштшудаҳо, гумонбарон, наздикони онҳо ва вакили дифоъ то ҳол маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...