Оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Субҳи имрӯз, 14-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард. Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд муовини сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон пешвоз […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 14-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои гуногун ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар кард.

Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд муовини сарвазири кишвар Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон пешвоз гирифтанд.

Дирӯз як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд гуфта буд, ки дар ҷараёни ин сафар якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанду Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад.

Дар робита ба ин, шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки аз 14 то 16-уми ноябр, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои Фотеҳ Ниёзӣ – Б. Ғафуров – Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, ин ниҳод, аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.