Нурсултон Назарбоев бори аввал эътироф кард, ки зани дуюм дорад

Asia-Plus

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон дар китоби тозанашри худ “Ҳаёти ман” бори аввал эътироф кардааст, ки ҳамсари дуюм дорад ва аз ӯ соҳиби ду фарзанд ҳам шудааст.

Расонаи Orda.kz менависад, ки китоби нави Нурсултон Назарбоев рӯзҳои наздик ба фурӯш мебарояд ва дар як бахши хоси он раиси ҷумҳури собиқ оид ба зани дуюмаш Асел Исобоева ва ду писараш Тауман ва Байкен маълумот додааст.

Ин расона аз қавли як нафаре, ки китобро аллакай хондааст, ҷузъиёти мулоқот ва оиладоршавии Нурсултон Назарбоевро иқтибос меорад.

Раиси ҷумҳури собиқ дар китобаш навиштааст, ки зимни як сафараш ба шаҳри Толдиқӯрғон дар фурудгоҳ ба ӯ “духтари ниҳоят зебое гул тақдим кардааст” ва ҳамон лаҳза қалби ӯро тасхир кардааст.

“Ман барои муддати тӯлонӣ ӯро дар хотир доштам ва сипас зуд-зуд он чеҳраи фавқулода зебо, нигоҳи оташин ва қомати мавзунро ба ёд меовардам”, – навиштааст Назарбоев.

Ӯ эътироф кардааст, ки бо гузашти чанд муддат симои зебои он духтарро натавонистааст фаромӯш кунад ва иттифоқан ӯро дар рӯзномае дидааст.

“Рӯзномаҳоро мехондам ва акси духтаре дар он дар қалбам шуъла афрохт: Дар Остона озмуни “Соҳибҷамоли Қазоқистон” баргузор шудаву он духтар (номи ӯ Асел будааст) ҷоиза гирифтааст…Акнун пайдо кардани ӯ осон буд”, – менависад Нурсултон Назарбоев.

Ӯ зикр кардааст, ки пас аз шиносоӣ ва мулоқотҳо “дар зоҳиру андешаи Асел хислатҳои зиёдеро дидам, ки дар ҷустуҷӯяш будам. Ва муҳимтар аз ҳама, ман аз танҳоии рӯҳӣ, ки солҳо идома дошт, халос шудам”.

Назарбоев иқрор шудааст, ки бо Асел никоҳи мусулмонӣ бастааст, аммо дақиқ нагуфтааст, ки кай ин воқеа рух додааст. Танҳо зикр намудааст, ки аз зиндагии якҷо бо Асал ду писар – соли 2005 Тауман ва соли 2008 Байкен таваллуд шудаанд.

Ҳамчунин, Нурсултон Назарбоев гуфтааст, ки зани аввалаш  Сара, ки аз зиндагии якҷояашон се духтар – Дариға, Динара, Алия доранд, ӯро дарк кардаву бахшидааст.

Овозаҳо дар бораи ҳамсари махфии Нурсултон Назарбоев Асел Қурманбоева (Исобаева) беш аз 20 сол боз дар Қазоқистон паҳн мешаванд. Қурманбоева собиқ раққоса, асосгузор ва роҳбари бадеии театри давлатии Қазоқистон “Остана балет” мебошад. Вай инчунин Бунёди рушди балет ва рақси миллӣ ва Бунёди дастгирӣ ва рушди гимнастикаи бадеии Қазоқистонро боз кардааст.

Номи Асел Қурманбоева дар таҳқиқоти бойгонии Pandora оид ба нақшаҳои оффшорӣ пайдо шуд. Расонаи Meduza навишта буд, ки Қурманбоева аз олигархҳои қазоқ барои саҳмияҳои ширкате, ки ҳеҷ гуна фаъолияти тиҷоратӣ надошт, 30 миллион доллар гирифтааст. Тафтишот ҳамчунин робитаҳои наздики тиҷоратии Қурманбоева бо Фонди Назарбоевро тасдиқ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...