То имрӯз Ҳамос 81 гаравгон ва Исроил 180 зиндониро раҳо кардаанд

Тал Ҳейнрих, сухангӯи нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дирӯз ба BBC гуфтааст, ки Исроил номи гаравгонҳоеро гирифтааст, ки аз Ғазза раҳо хоҳанд шуд. “Мо рӯйхатро гирифтем ва хонаводаҳои афроди дар ин рӯйхат буда ва хонаводаҳои дигари гаравгонҳоро, ки ҳоло дар навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд, огоҳ мекунем”, –  гуфтааст Ҳейнрих. Ба гуфтаи ӯ, Исроил “мехоҳад ин усулро […]

Asia-Plus

Тал Ҳейнрих, сухангӯи нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дирӯз ба BBC гуфтааст, ки Исроил номи гаравгонҳоеро гирифтааст, ки аз Ғазза раҳо хоҳанд шуд.

“Мо рӯйхатро гирифтем ва хонаводаҳои афроди дар ин рӯйхат буда ва хонаводаҳои дигари гаравгонҳоро, ки ҳоло дар навори Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд, огоҳ мекунем”, –  гуфтааст Ҳейнрих.

Ба гуфтаи ӯ, Исроил “мехоҳад ин усулро тамдид кунад, зеро дирӯз татбиқ шуда буд” ва “барои ҳар 10 гаравгони изофии исроилӣ, ки Ҳамос озод мекунад, мо ба як рӯзи дигар таваққуфи башардӯстона дар ҷанг розӣ хоҳем шуд”.

Агар ин раванд идома ёбад, ин шашумин гурӯҳи гаравгонҳоест, ки шурӯъ аз замони қатъ шудани даргириҳо дар ҳафтаи гузашта аз навори Ғазза раҳо мешаванд.

Гуфта мешавад то имрӯз Ҳамос 81 гаравгонро озод кардааст.

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх гуфтааст, Исроил дар маҷмӯъ 180 зиндонии фаластиниро раҳо кардааст.

Пол Адамс, хабарнигори BBC дар Байтулмуқаддас гуфтааст, ки эҳтимоли тамдиди оташбас барои 48 соати дигар вуҷуд дорад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 28 ноябр Исроил ва Ҳамос тавофуқ карданд, ки оташбаси чаҳоррӯзаро барои ду рӯзи дигар тамдид кунанд

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамлаҳои Ҳамос рӯзи 7-умиоктябр ба Исроил 1200 нафар кушта ва ҳудуди 240 нафар гаравгон гирифта шуданд.

Масъулини беҳдошти Ғазза гуфтааст, ки аз 7-уми октябр дар ҷараёни амалиёти ҷавобии Исроил беш аз 14 500 нафар кушта шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.