Боздошти мошини ҳомили беш аз 70 кг “ҳероин” дар дидбонгоҳи “Фотеҳобод”

Asia-Plus

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон як мошини ҳомили беш аз 71 кг маводи нашъадори навъи «ҳероин»-ро дастгир кардаанд, хабар медиҳад Хадамоти гумрук.

Ин ниҳод менависад, ки амалиёт рӯзи 21-уми ноябри соли равон  тахминан соати 09:30 ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ ва корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ ва кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ки воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес Бенс Актрос-184», ки рақами қайди давлатиаш У180 ЕН 797 бо ядаки тамғаи «Шмитс SKO 24», рақами қайди давлатиаш ТА 3610/77 ба Русия тааллуқ дошта таҳти идораи Меҳровар Бӯриеви 31-сола, шаҳрванди Тоҷикистон, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан қарор дошт.

Ӯ дар ҷои ҳодиса бо гумони интиқоли ғайриконунии воситаҳои нашъадор боздошт гардидаст.

“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз пинҳонгоҳи махсуси дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур, 65 бастаи полиэтилении рангаш сиёҳ, ки дар дохили он маводҳои хокамонанди рангашон сафед бо бӯи махсусдошта ҷойгир буд, ёфта гирифта шуд. …маводи нашъадор навъи «героин» буда, вазни умумии он 71 кг 110 граммро ташкил медиҳад”, – гуфта мешавда дар хабарномаи ин ниҳод.

Хадамоти гумрук гуфтааст, ки аз рӯи ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд нисбати Бӯриев ва дигарон (аз онҳо ном бурда намешавад-ред.) барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва қочоқ (моддаҳои 200 қисми 4 банди "д" ва 289 қисми 3) парвандаи ҷинояти оғоз шуда, ба дидоситонии вилояти Суғд ирсол шудааст.

Моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ аз 12 то 20 сол ва моддаи 289 қисми 3 аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...